Омодагии Тоҷикистон барои ифтитоҳи нахустин реактори ҳастаӣ
Қарор аст, нахустин реактори ҳастаӣ дар Тоҷикистон дар соли оянда роҳандозӣ шавад
Ин хабарро Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи илмҳои Тоҷикисто дар гуфтугӯ бо Ховар дода ва афзудааст, ҳамакнун раванди омодагӣ барои ифтитоҳи расмии ин реактор идома дорад. Реактори ҳастаии Тоҷикистон мавсум ба “Аргус-ФТИ” дар солҳои 1980 сохта шуда, вале ба далели мушкилоти ношӣ аз фурӯпошии Шӯравӣ, ҷанги дохилӣ ва нобасомониҳои иқтисодӣ мавриди баҳраварӣ қарор нагирифтааст.
Акнун ҳукумати Тоҷикистон дар ростои таҳаққуқи мусаввабаи “Барқарорсозӣ ва баҳрабардорӣ аз реактори таҳқиқотӣ-ҳастаии Аргус 2020-2016 дар ҳоли омодасозии ин таъсисоти муҳим барои баҳрабардории комил аст.
Қарор аст, дар “Аргус-ФТИ” фаъолиятҳои илмӣ дар бахшҳои пизишкӣ, кишоварзӣ, маодин, химия ва биологӣ сурат бигирад.
Сарчашма: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20190202/1028151218/Omodagii-Toikiston-baroi-iftitoi-nakhustin-reaktori-asta-.html
Комментарии (0)