Ҳатто кирм намехӯрад: манъи воридоти меваи чинӣ ба Тоҷикистон

Ҳатто кирм намехӯрад: манъи воридоти меваи чинӣ ба Тоҷикистон
Соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон ҳатто як кило мева ворид нашуд, дар ҳоле ки солҳои пеш то 250 тон ворид мешуд. Масъулин мегӯянд, воридоти мева аз Чинро муваққатан манъ кардаанд

 Ҷамшед Носиров, сардори шӯъбаи назорати фитосанитарии Кумитаи амнияти озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ташхиси мутахасcисони соҳа ошкор кард, ки меваҳои чинӣ, аз қабили себ, афлесун, нок, нашпотӣ ва ғайра олуда аз организмҳои ба таври генӣ тағйирдодашуда (ГМО) ҳастанд ва истеъмоли онҳо ба саломатии сокинони кишвар хатар эҷод мекунад. Вай афзуд, далели одӣ ҳам ин аст, ки ин нави меваҳоро ҳатто кирмҳо намехӯранд.

То соли 2018 даҳҳо тон меваи чинӣ тариқи тоҷирон ба базорҳои Тоҷикистон арза ва савдо мешуд, ки агарчи “зеби молӣ” доштанд, дар асл маззаи хоси як меваро намедоданд.

Тоҷикистон ҳоло аз чандин кишвар, ба шумули Туркия, Русия, Эквадор, Покистон ва Қирғизистон меваҳои тару ситрусӣ ворид мекунад.

Бино ба иттилои расмӣ, соли 2017 аз 416 тон меваи таре, ки ба ин кишвар аз Туркияву Чин ва Қирғизистон ворид шуда буд, ҳудуди 250 тонро меваи чинӣ ташкил мекард. Дар соли 2018 ҳамагӣ 96 тон, он ҳам аз Туркия ва ҳудуди 10 тон аз Қирғизистон меваи тар, умдатан себ ворид шудааст.

Воридоти меваҳои субтропикӣ ё ситрусӣ (мандарин, афлесун, норанҷӣ, банана, киви, помело, грейпфрут ва ғайра) аз Туркия, Русия, Эквадор, Покистон дар соли 2018, тибқи омори расмӣ, 25 525 ҳазор тонро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли 2017 7 ҳазору 800 зиёд аст.

Коҳиши воридоти меваи тар – себу анор, нок ва ғайра ба ин омил низ вобаста аст, ки истеҳсоли онҳо дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир афзуда, бозори дохилиро таъмин мекунад ва ин кишвар дар пайи содироти онҳо ба кишварҳои хориҷӣ шудааст.

22 декабри соли 2017 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба намояндагони Маҷлиси Олии ин кишвар аз афзоиши истеҳсоли меваю сабзавот, ҳамзамон коҳиши содироти онҳо ба 23 фоиз дар 11 моҳи ҳамон сол гуфт. Ӯ аз мақомоти зидахл интиқод кард, ки сарфи назар аз талаботи зиёди шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон меваи аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишвар ба таври зарурӣ коркард, бандубаст ва содир намешавад. Ӯ ҳамчунин ба ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки бо дарназардошти талаботи воқеии аҳолии мамлакат ба маводи озуқа ва дастрасии сокинон ба ғизои хушсифат барномаи нави давлатии амнияти озуқавориро таҳия ва татбиқ созад.

Тоҷикистону Чин соли 2017 тарҳи як созишномаеро омода карда буданд, ки ба арзаи меваву сабзавоти Тоҷикистон дар бозорҳои Чин шароит фароҳам меовард. Аммо ин созишнома то ба ҳол имзо нашудааст.

Огаҳони ҳол мегӯянд, эҳтимол дорад манъи муваққатии воридоти меваи чинӣ ба Тоҷикистон ба ин созишнома низ рабт мегирад, ки бо гузашти 2 сол ба имзо нарасидааст. Аз сӯи дигар, Чин, минҳайси кишвари содиркунандаи мева ба раҳ додани моли рақобатофар дар бозори худ манфиатдор нест.

Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон як ниҳоди ҷавон буда, 29 декабри соли 2017 ташкил шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий