Раиси нави "Тоҷик эйр": "Вазъи ширкат бемореро мемонад, ки сиҳатёбанда аст"

Раиси нави "Тоҷик эйр": "Вазъи ширкат бемореро мемонад, ки сиҳатёбанда аст"
Раиси тозатаъйини "Тоҷик эйр" вазъи ин ширкати миллиро ба беморе монанд кард, ки ба муолиҷа эҳтиёҷ дорад ва ӯ асосан ба омӯхтани иллатҳои беморӣ машғул аст.

Дилшод Исматуллозода, ки ҳафтае пеш раиси "Тоҷик эйр" таъйин шуд, рӯзи 30-уми январ дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди мушкилоти зиёд ӯ ва кормандон умедворанд, ки ширкат сиҳат мешавад.

"Дар тамоми кишварҳо ва дар ҳар ширкат чунин ҳолат пеш меояд. Вале набояд аз ин ҳангома сохт. Вақте инсон бемор мешавад ва баъди табобат сиҳат мешавад, ширкат низ ҳамин аст. Ҳангоме ман бо кормандон суҳбат кардам, аксаран тарафдори ба эътидол овардани вазъи ширкат ҳастанд", гуфт Дилшод Исматуллозода.

Раиси нави "Тоҷик эйр" мегӯяд, ба эътидол овардани кори шикрат яке аз вазифаҳои асосии онҳост ва аҳли кормандон ҳам, ки ҳама соҳибтаҷриба ҳастанд, ҳаминро мехоҳанд.

Раиси нави "Тоҷик эйр" замоне масъулияти раҳбарии ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистонро бар ӯҳда гирифт, ки он ба далели мушкилоти молии зиёд "аз парвоз мондааст".

Аз рӯзи 5-уми январ парвози ҳавопаймоҳои "Тоҷик эйр" ба дохилу хориҷ муттавақиф шуд ва бисёре аз кормандони онро ба рухсатии бемузд фиристоданд.

Дилшод Исматуллозода гуфт, "воқеан ҳаҷми кор хеле зиёд аст, ба омӯзиши ҳуҷҷатҳои ширкат шуруъ кардам. Албатта дар як ҳафта гуфтани натиҷаи кори як ширкате, ки мушкил дорад, душвор аст".

"Вазъи молии ширкат вазнин аст"
Аммо пеш аз омадани раиси нав ба "Тоҷик эйр", ки ҳамаи саҳмияҳояш дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон аст, мушкили ширкат возеҳ буд ва он ҳам ба гуфтаи Дилшод Исматуллозода, "мушкили молӣ аст". Ӯ эътироф кард, ки дар воқеъ, "вазъи молии ширкат вазнин аст".
То шаш соли пеш "Тоҷик эйр" беш аз 71 миллион доллар аз ину аз он қарздор буд. Ҳоло бино ба гузоришҳо аз ширкатҳои аэронавигатсияи Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон қарздор аст. Аз фурудгоҳи Душанбе ва ширкати таъминоти сӯзишворӣ дар умум 250 миллион сомонӣ қарздор будааст.



Аз шикояти мусофирон то интиқоди тунди президент

ар муддати камтар аз 10 сол 6 дафъа мудиронашро тағйир доданд, вале вазъ зиёд тағйир наёфт. Сабаб ҳам ба гуфтаи коршиносон ва худи мудирони собиқи "Тоҷик эйр" дахолати беш аз ҳадди мақомоти давлатӣ ба кори онҳо аст. Худи кормандони ширкат мегӯянд, кор то ба ҷое мерасад, ки баъзе аз афроди бонуфуз бо ҳавопаймо бори зиёде барои тиҷорат меоранд ва "як танга ҳам намепардозанд".

Дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳамчунин чанд шикояти кормандони собиқи ширкат ҳаст, ки баъзе аз кормандони дараҷаҳои болоии ширкатро ба сӯистифода аз мақом, ришвахорӣ муттаҳам мекунанд. Дар ин шикоятҳо ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин кормандон ҳавопаймоҳои куҳнаро бо қиматҳои баланд харидаанд ва вазъи молии ширкатро бадтару бадтар кардаанд.

Масъалаи сӯистифода аз мақом дар ҷаласаи ахири ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шудааст ва раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Хайрулло Раҳимов, раиси пешини "Тоҷик Эйр"-ро бо асабоният сахт танқид карда ва аз толор ҷавоб додааст.

Барномаи "наҷот"-и "Тоҷик эйр"
"Тоҷик эйр" то якуми январи соли 2018-ум 31 ҳавопаймо ва 3 чархбол дошт. Панҷ ҳавопаймои ширкат "Боинг" аст, ки то рӯзи 5-уми январ асосан ба Русия ба дигар кишварҳои хориҷаи наздик парвоз мекарданд. Тирамоҳи соли 2018 баъди бад шудани аҳволи ширкат, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи махсуси дастгирии давлатии "Тоҷик эйр" барои солҳои 2018-2023 қабул кард.

Барнома рӯзи 25-уми сентябр тасдиқ шуд, вале чаҳор моҳ нагузашта, "Тоҷик эйр" ба зону зад ва парвозҳои онро ба ширкати хусусии "Сомон эйр" доданд.

Ба ширкате, ки аз бадтар шудани аҳволи "Тоҷик эйр" манфиат дид ва домана ва теъдоди парвозҳояшро зиёд кард. "Сомон Эйр" як сол пештар аз тағйири сохтори "Тоҷик эйр" ва соли 2008 таъсис ёфт ва дар муддати камтар аз 11 сол ба рақиби асосии ширкати миллӣ табдил шуд.

Яке аз ҳадафҳои барномаи дастгирии давлатии "Тоҷик эйр" фароҳам кардани рақобати солим байни ширкатҳо ва мусоидат ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафти соҳаи ҳавонавардӣ дар Тоҷикистон аст. Ҳоло ба 24 шаҳру кишварҳои Аврупову Осиё ва Ховари Миёна парвоз анҷом медиҳад.

"Таҷрибаи ба по хезондани ширкатеро дорам"
Ҳоло Дилшод Исматуллозода мегӯяд, ба эътидол овардани кори "Тоҷик эйр" яке аз вазифаҳои асосии онҳост ва аҳли кормандон ҳам, ки ҳама соҳибтаҷриба ҳастанд, ҳаминро мехоҳанд.

Ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё таҷрибаи ба по хезондани ширкатеро дорад, раиси "Тоҷик эйр" гуфт, "вақте соли 2008 ба ҳайси раҳбари генералии ширкати "Тоҷикхимпром" дар Ёвон таъйин шудам, ширкат дар хок яксон буд. Мо онҷо истеҳсолотро барқарор кардем.”

Айни замон ба гуфтаи Дилшод Исматуллозода, як ҳафта фурсати бисёр кам аст, ки аз кор натиҷагирӣ кунад. Аммо аз замони таъсиси "Сомон эйр", ки бовар меравад, ба атрофиёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад, гуфта мешуд, ҳар вақт ки "Сомон эйр" болҳояшро васеътар кушод, "Тоҷик эйр" ҳам аз парвоз хоҳад монд.

Сарчашма: https://www.ozodi.org/a/29743145.html

Комментарии (0)

Оставить комментарий