Вазорати маориф: ҷалби хонандагону донишҷӯёнро ба маросимҳои фарҳангиву сиёсӣ манъ кард
Вазорати мариф ва илми Тоҷикистон ба роҳбарияти мактабҳову донишгоҳҳои Тоҷикистон супориш додааст, ки хонандагону донишҷӯёнро дигар ба маросимҳои фарҳангиву сиёсӣ ҷалб накунанд
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба роҳбарияти донишгоҳҳои кишвар дастур додааст, ки донишҷӯёнро ба истилоҳ "маршировка" ё роҳпаймоӣ ва маросимҳои фарҳангӣ бе иҷозатномаи вижа ҷалб накунанд.
"Ин дастури хаттии вазорат ба тамоми донишгоҳҳои Тоҷикистон ирсол гардид", - гуфтааст сухангӯи вазорати маориф Эҳсони Хушбахт.
Дар Тоҷикистон наздики 10 сол аст, ки ҳангоми таҷлили ҷашнҳои гуногун хонандагону донишҷӯён ба роҳпаймоӣ ҷалб карда мешаванд.
Пештар волидон низ аз ин иқдоми роҳбарияти мактабҳову донишгоҳҳо шикоят мебурданд.
Сарчашма: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20190130/1028120937/Vazorati-maorif-albi-donishnro-ba-marshirovka-man-kard.html
Комментарии (0)