Садама дар Дарвоз ҷони 9 нафарро гирифт

Садама дар Дарвоз ҷони 9 нафарро гирифт
Бар асари садамаи автомобилӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз 9 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Аксари қурбониёни ин ҳодиса занон ва кӯдакон мебошанд. Ба гуфтаи шоҳидон дар маҳали рӯйдод, ҳодиса шоми 29-уми январ миёни деҳаҳои Ҷорф ва Вишхарв рух додааст.

Худрави сокинони деҳаи Курговад ба дарёи Панҷ сарозер шуда, дар натиҷа 9 нафар -- як мард, се зан ва панҷ кӯдак ба ҳалокат расиданд ва танҳо ронандаи мошин аз ин ҳодиса ҷони солим ба дар бурдааст. Айни замон ҳамаи қурбониёнро, ки сокинони деҳаи Курговади ҷамоати Вишхарв мебошанд, аз дарёи Панҷ берун овардаанд.

Қурбониёни ин ҳодиса Сӯҳроб Худойдодови 41-сола, Бунафша Муаззамоваи 44-сола, Маҳина Муаззамоваи 30-сола бо фарзандаш Орзу Алиҷонови 5-сола ҳастанд. Дар ин ҳодиса Гуландом Ҷалолова, соли таваллудаш 1982, бо чаҳор фарзандаш -- Абубакр, Умар, Усмон ва Нигинаи Отамҷон, ки синашон томактабӣ мебошад, низ ҷон бохтаанд.

Шоҳидон мегӯянд, ронандаи Опел-Зефира ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада ва худрав бо ҳамаи сарнишинонаш ба дарёи Панҷ афтодааст. Аммо мақомот то ба ҳол ба таври расмӣ дар робита ба ин рӯйдод изҳори назар накардаанд ва сабабҳои рух додани ин ҳодисаро шарҳ надодаанд

Дар Раёсати умури дохилии вилояти Бадахшон вуқуи фалокатро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки гурӯҳи кормандони милиса ба маҳалли ҳодиса рафтаанд ва таҳқиқ шурӯъ шудааст.

Барои бори аввал нест, ки тайи солҳои ахир дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз садамаҳои пурқурбонӣ рух медиҳад. Аз ҷумла, дар моҳи августи соли 2010 бар асари сарозер шудани як худрави "Тангем" дар шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ дар мавзеи кӯҳи Сапеям, воқеъ дар гарданаи Хобу Рубот, ҳамаи 8 нафар мусофирони он ҷони худро аз даст додаанд. Дар байни қурбониёни ин ҳодисаи дардовар, ду кӯдак, чаҳор зан ва ду мард будаанд.

Дар моҳи июни соли 2016 низ бар асари як садамаи маргбори автомобилӣ дар ҳудуди Дарвоз, худрави навъи "Тайота"-и Фонди Швейтсария оид ба тоза кардани минаҳо ба дарёи Панҷ сарозер шуд. Дар пайи ин ҳодиса панҷ тан аз кормандони Фонди Швейтсария ба ҳалокат расида ва ду тани дигар ҷароҳатҳо бардоштанд.

Қисмати шоҳроҳи Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ, ки дар он ҳодисаи ахир ба вуқӯъ пайваст, яке аз роҳҳои танг ва пастсифати Бадахшон ба шумор меравад. Ин қисмати роҳи мошингард солҳост, ки таъмиру бозсозии дуруст нашудааст ва дар гузашта низ дар он чандин садамаҳои маргбори автомобилӣ рух дода буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий