Авҷи таниш дар байни президенти собиқ ва ҳозираи Қирғизистон
Дар Қирғизистон танишҳо дар муносибати президенти пешин ва ҳозираи он кишвар шиддат мегирад. Раиси ҷумҳури собиқ Алмосбек Отамбоев ба мухолифати ошкоро бо ҷойгузини худ Сооронбой Ҷээнбеков пардохт.
Отамбоев рӯзи 18-уми ноябр дар мусоҳибааш бо шабакаи телевизионии "Апрел" аз он изҳори норизоятӣ кард, ки ҳукумати нав "ба шеваи ҷиноӣ" ҷонибдорон ва ҳамҳизбонашро таъқиб мекунад. Ӯ президенти кунуниро дар муборизаи номуассир алайҳи фасод муттаҳам ва амалан санади ба тозагӣ нашршуда дар мавриди хароҷоти ситоди пешазинтихоботии Ҷээнбековро таъйид кард.
Тибқи ин санад ҳазинаи воқеии ситоди интихоботии Ҷеенбеков даҳҳо баробар бештар аз онест, ки расман эълон шудааст (24 миллион доллар ба ҷойи 2,2 миллион доллар). Алмосбек Отамбоев тахмин зад, ки "агар ҳабс кардани Илмиянов (Икром Илмиянов мушовири пешини Отамбоев ва яке аз ҷонибдорони сарсахти ӯ- РО) сурат намегирифт ин санад ҳам фош намешуд".
Ба қавли раиси ҷумҳури пешин, маҳз ӯ Ҷеенбекворо то симати президентӣ “кашонда овард”, дар ҳоле ки ӯ дар ибтидои рақобатҳои интихоботи ҳамагӣ 3 дар сад нуфуз надошт. Баромади Отамбоев пас аз изҳороти раиси ҷумҳур Сооронбой Ҷээнбеков дар мусоҳиба бо хабаргузории “24.kg”, ки дар он раиси ҷумҳури пешинро дар мудохила ба корҳояш муттаҳам мекард, сурат гирифт.
"Ҳар чӣ бодо бод"
Сиёсатшинос Марс Сариев бар ин назар аст, ки президенти феълии Қирғизистон, воқеан, дар оғози пайкорҳои интихоботӣ барои пирӯзӣ дар муқобили рақибаш Омурбек Бабанов шонси хеле кам дошт. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи сиёсатшинос, Алмосбек Отамбоев тамоми талошро ба харҷ дод, то ки вазъро ба нафъи Ҷээнбеков тағйир бидиҳад, то худаш "раиси ҷумҳури пушти соя" шавад.
Ӯ афзуд, "атрофиёни Ҷээнбеков ин гуна мақоми президентро таҳаммул накарданд ва ӯ таҳти фишори ҷонибдоронаш ба ҳуҷум гузашт. Паёми аслӣ дар ин росто мубориза алайҳи фасод буд, ки чеҳраҳои асосии он афроди наздик ба Отамбоев буданд ва онҳо дар ҳоли ҳозир таҳти боздошт қарор доранд.”
Ба қавли ин сиёсатшинос, феълан Отамбоев дарк кардааст, ки такя кардан ба тавофуқи ғайрирасмӣ бо Ҷээнбеков фоида надорад, барои ин аз усули "ва-банк" кор мегирад, то миёни шимолу ҷануб ихтилоф бияндозаду тарафдорони худро омода кунад. Дар ҳамин ҳол, коршинос ба инки президенти пешин ин гуна имконро дошта бошад, бо шубҳа менигарад.
"Мавқеи Отамбоев хеле заиф аст. Он чиро, ки ӯ мунтазир аст, яъне беэътибор кардани Ҷээнбеков ва ҳазфи он аз саҳнаи сиёсӣ, барояш даст намедиҳад",-таъкид кард коршинос.
Дар ҳамин ҳол, Сооронбой Ҷээнбеков рӯзи 20-уми ноябр таҳти шиори "Мо чӣ гуна Қирғизистонро таҷҳиз кунем?" мулоқоте доир кард, ки дар он 9 нахуствазири собиқ ва 13 раиси собиқи порлумони кишвар иштирок карданд. Ин дидор паси дарҳои баста баргузор шуд, вале дар оғози он сардори давлат иштирокдоронро ба муттаҳид шудани нухбагони ҷамъиятиву сиёсӣ барои рушди кишвар даъват кардааст.
Коршиносон инро истисно намедонанд, ки Ҷээнбеков ният дорад бо чунин роҳ аз пуштибонии бахши қобили таваҷҷуҳе аз нухбагони сиёсӣ бархӯрдор шавад.
"Отамбоев адолати таърихиро ба даст оварданист"
Одил Турдуқулов, фаъоли сиёсӣ мегӯяд, бо ин нукта мувофиқ аст, ки Отамбоев нияти баргашт ба мансаби президентиро надорад ва дар ин росто имконоти худро ба андозаи кофӣ медонад. Аммо, дар айни ҳол, дар талош аст, то нишон бидиҳад, ки замони раёсати ҷумҳури ӯ ба наҳве мусбат шинохта шавад. Ба қавли ин фаъоли сиёсӣ, Отамбоев мехост нуфузашро бар Ҷээнбеков бидуни ин ки кадом мансаберо дошта бошад, ҳифз кунад, вале натавонист.
"Ӯ огоҳии нухбагони моро ба назар нагирифт, ки бар асоси он раиси ҷумҳур на танҳо аз мандате бархӯрдор аст, ки дар Қонуни асосӣ ифода шудааст, балки мандатест, ки метавонад тариқи каналҳои ғайрирасмӣ пеш аз ҳама ба порлумон ва ниҳодҳои қудратӣ таъсир бигузорад",-бовар дорад Турдуқулов.
Ин фаъоли сиёсӣ тахмин мезанад, ки идомаи мухолифат миёни Отамбоев ва Ҷээнбеков метавонад дар сатҳи расонаиву иттилоотӣ сурат бигирад, вале раиси ҷумҳури собиқ ба шадид шудани нооромиҳо манфиатдор нест.
Мустақилияти намоишӣ
Хулосаи бархе аз коршиносон дар мавриди ин, ки раиси ҷумҳури нав баъди интихоб шудан дар муносибат бо президенти собиқ Отамбоев содиқ боқӣ мемонад, ҳанӯз дар моҳҳои аввали мамъмурияти Ҷээнбеков воқеият пайдо накард. Муносибат миёни онҳо дар моҳи марти имсол, замони баргузории анҷумани Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон, ки Отамбоев таъйиноти кадрии Ҷээнбековро интиқод кард, шуруъ шуд.
Ва дар интиқодҳо раиси ҷумҳури пешин масъулияти садама дар Маркази барқу гармидиҳии Бишкекро ба дӯши Ҷээнбеков партофт. Зеро ҳукуматеро, ки корҳои омодагии ин лоиҳаро ба дӯш дошт, он замон маҳз Ҷээнбеков раҳбарӣ мекард. Раҳбари нави давлат мунтазири фурсати муносиб нашуда, баъди чанд муддат аз ҳукумат чеҳраҳои калидиеро дур кард, ки Отамбоев таъйин карда буд.
Аз ҷумла, додситони кулл Индира Ҷолдубаева, раиси КДАМ Абдил Сегизбаев ва муовини ӯ Болот Суюмбаев, раҳбари Дастгоҳи раисҷумҳур Фарид Ниёзов, яке аз ҷонибдорони ашадии Атамбоев, ки баъдан ба маҳбас кашида шуд, аз мансабҳои худ озод шуданд.
Аз рӯйи парвандаи Маркази барқу гармидиҳии Бишкек ҳамчунин нафарони дигари наздик ба раиси ҷумҳури собиқ, аз ҷумла раиси собиқи пойтахт Кубаничбек Қулматов, Албек Иброҳимов, ҳамчунин вакили маҷлис Осмонбек Ортиқбоев боздошт шуданд. Ба ҷуз ин, 20-уми октябр дар Маскав мушовири собиқи Атамбоев Икромҷон Илмиянов бар асоси парвандаи тамаъҷӯйии 150 ҳазор доллар барои интихоботи президент боздошт шуд.
"Мумкин аст, зиндонӣ шавад"
Фаъоли ҷамъиятӣ Одил Байсалов мегӯяд, ки Алмосбек Отамбоев бар пояи озурдагии шахсӣ амал мекунад, зеро дар гузашта тақрибан бо баҳои ҷанг бо Қазоқистон Ҷээнбековро ба сифати номзад аз ҳизби худ пешбарӣ кард. Дар кишварҳои демократӣ, таъкид мекунад ӯ, ҳокимият ба мардуми интихобшуда тааллуқ мегирад ва раисҷумҳури пешин бознишаста мешавад.
Ба гуфтаи Байсалов, дар ҳоли ҳозир Отамбоев ҳеч пуштибонии ҷиддие надорад, зеро бештари ҷонибдорони наздики ӯ таҳти тафтиш қарор доранд. "Он рӯз дур нест, ки нисбат ба худи Отамбоев низ парванда боз шавад. Зеро дар чунин ҳолат, гап сари фасоди густурда ва ғасби қудрат меравад",-муътақид аст Байсалов.
Бо такя ба изҳороти Отамбоев, Байсалов ба он таъкид мекунад, ки ҳадафҳои ӯ ба ҷудоиандозӣ байни минтақаҳо нигаронда шудаанд. "Ин маҳз он чизеро нишон медиҳад, ки ҳамеша Ҷээнбековро Боқиеви нав меномад. Ин паёми рамзомезест ба зодагони Шимоли кишвар аст, ки ана ин кас зодаи Ҷануб. Комилан ошкор аст, ки ин ягона умеди Отамбоев аст, вале ин нақшаҳо амалӣ намешаванд",-изова кард Байсалов.
Дар маҷмӯъ, коршиносон ба ҷойи мавқеъгирии шадиди Ҷээнбеков, бештар ба заъфҳои худи Отамбоев ва огоҳии сиёсии шаҳрвандони Қирғизистон таъкид мекунанд, ки эҳтимоли хеле кам вуҷуд дорад, ки ин изҳороти раисҷумҳури собиқро ҷиддӣ бигиранд.
Сооронбой Ҷээнбеков бо назардошти пуштибонии Отамбоев солҳои тӯлонӣ ҳамроҳ бо бародараш Асилбек Ҷээнбков дар тими ӯ кор кардааст. Ҳарчанд дар ибтидои интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2017 аз маҳбубияти хосе бархӯрдор набуд, аммо ҳеч доғи бузурге ҳам дар корномааш надошт. Дар ҳар сурат, рақибони ӯ чунин далелҳоро пешниҳод накарданд. Ягона иттиҳоме, ки алайҳи ӯ дар чанд расона нашр шуд, дар мавриди хонаводаи ӯ буд, ки онҳо муносибати наздике бо шоҳигариҳои Халиҷи Форс ва майл ба исломи ифротӣ доранд.
Бояд гуфт, ки Сооронбой Ҷээнбеков панҷумин раиси ҷумҳури Қирғизистон ба шумор меравад, ки аз моҳи ноябри соли гузашта ин мақомро дар ихтиёр дорад. Он замон Қирғизистон дар таърихи минтақа бори нахуст интиқоли қудратро аз як президенти интихобшуда ба президенти интихобшудаи дигар ба намоиш гузошт.
Комментарии (0)