Баҳои мусбати нозирони ИДМ ба интихоботи Узбакистон

Баҳои мусбати нозирони ИДМ ба интихоботи Узбакистон
Аъзои ҳайати нозирони ИДМ эълом карданд, ки маъракаи пешазинтихоботӣ дар Узбакистон дар сатҳи баланд ташкил карда шудааст

Ба ақидаи аъзои ин ҳайат тарғиботҳои пешазинтихоботии депутатҳои Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбакисстон ва ниҳодҳои маҳаллӣ дар чаҳорчӯби қонунгузориҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ мегузаранд.

Ёдовар мешавем, ки як гурӯҳи маҳдуди нозирони ИДМ таҳти раёсати Екатерина Голоулина дар Узбакистон қарор доранд. Гуфта мешавад, ки онҳо аз қитъаҳову ҳавзаҳои интихоботии шаҳру ноҳияҳои дилхоҳи худ боздид ба амал меоваранд, бо аъзоёни комиссияҳои он дар бораи тартиби баргузории интихобот ва раъйдиҳии мардум саволу ҷавоб карда, раванди маъракаҳои пешазинтихоботиро таҳти назорат қарор медиҳанд.

Ахиран, ин ҳайат роҷеъ ба натиҷаи мушоҳидаҳои худ Комиссияи марказии интихоботро огоҳ намуд ва бо ироаи як ҳисобот ибрози қаноатмандӣ кардааст, ки ҳамаи талабот риоя мешаванд ва Узбакистон ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ комилан омода мебошад.

Бино ба гуфтаи Екатерина Голоулина, ҳайати нозирони ИДМ 17-уми декабр дар таркиби пурра вориди Ӯзбекистон хоҳанд шуд ва ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро назорат хоҳанд кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий