Дар Душанбе пули роҳи хиёбони И.Сомонӣ ба истифода дода шуд
Ин пулро пас аз таъмиру таҷдид Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо мири шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо корҳои анҷомёфтаи навсозии хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки корҳои навсозӣ дар ин соли 2020 оғоз гардида, бо тарҳи муосир ва сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки пули мазкур то замони соҳибистиқлолӣ сохта шуда, бо мурури замон ду шафати он ба таъмиру навсозӣ ниёз пайдо карда буд.
“Барои таъмини устуворӣ дар иншоот нахуст аз ду канори пули мошингузар сутунпояҳои бетонӣ бунёд шуда, сипас болои он бо панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ бо риояи унсурҳои меъмории милливу ҷаҳонӣ оро дода шудааст”,- таъкид кардааст манбаъ.
Инчунин ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур дар доираи лоиҳаи мазкур аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то буриши хиёбони Сино, ки масофааш 3 км аст, бо истифодаи таҷҳизоти равшанидиҳандаи каммасрафи барқӣ корҳои равшанинамоӣ дар сатҳи баланд ба анҷом расонида шудааст.
“Махсусан шабона ҳангоми гузаштан аз болои пули мазкур манзараи зебои ҷолиб ба назар мерасад, ки таваҷҷуҳи ҳар як сокину меҳмони шаҳри Душанберо ба худ мекашад”, - зикр намудааст манбаъ.
Мақомоти шаҳри Душанбе қаблан хабар дода буд, ки тӯли 7 соли охир дар шаҳри Душанбе сохтмон ва барқарор намудани 6 пул, 2 эстакадаи се сатҳа ба анҷом расида, ба масофаи зиёда аз 160 километр роҳҳои мошингард бунёду навсозӣ шудааст.
Дар доираи нақшаи генералии шаҳри Душанбе лоиҳаи сохтмони боз 9 роҳи дусатҳаи дигар ба нақша гирифта шудааст, ки пас аз сохта ба истифода додани онҳо, ҳаракати воситаҳои нақлиёт муътадил гардида, сарборӣ кам карда мешавад.
Комментарии (0)