Дар Душанбе бахшида ба хотираи муҳофизони Маскав дар соли 1941 роҳпаймоӣ барпо гардид

Дар Душанбе бахшида ба хотираи муҳофизони Маскав дар соли 1941 роҳпаймоӣ барпо гардид
Дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ ва гулгузорӣ ба пояи ёдгории танки ИС-2 ва сутуни ёдбуд таҷассумкунандаи ваҳдати халқҳои тоҷикону рус дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.Ин чорабинӣ ба замони оғози ҳамлаи ҷавобии Артиши Сурх дар наздикии Маскав дар соли 1941 бахшида шуда буд, ки дар он зодагони Тоҷикистон низ ширкат доштанд.Дар вохӯрӣ дипломатҳои Русия ва Беларус, низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар ин ҷумҳурӣ, намояндагони Россотрудничество, рӯҳониён, аҳли ҷомеа, собиқадорон ва донишҷӯёни мактабҳои маҳаллӣ ва аъзоёни «юнармейцы» ширкат доштанд.Онро оркестри низомии пойгоҳи низомии 201 ифтитоҳ кард, ки сурудҳои миллии Тоҷикистону Русияро иҷро карданд.
«Ин на танҳо як аломати рамзӣ аст, ин барои он зарур аст, ки мо ва шумо хотираро нигоҳ дорем ва онро ба халқи худ, ҳамкасбони худамон», — гуфт зимни суханронии худ кордори сафорати Русия дар Точикистон Вера Хуторская дар назди ҳозирин.Вай кайд кард, ки наслҳои имрӯза аз ҷанговарони шӯравӣ миннатдоранд."Дар он рӯзҳои сахту сангин онҳо ҷони худро қурбон карданд, то ману шумо имрӯз имкон дошта бошем, ки ҳаёти имрӯзаро пеш барем, дар кишварҳои соҳибистиқлолу сарбаланд зиндагӣ кунем, халқи худро дӯст дорем, мусиқии худро иҷро кунем, ниёгонамонро иззату эхтиром кунем ва аз ҳар рӯз лаззат барем«, — шарх дод Хуторская.Ҷамъомадагон хотираи муҳофизони ҳалокшудаи Ватанро бо як дақиқа сукут гиромӣ намуда, суруди Булат Окуджаваро „Ба мо як ғалаба лозим аст“ якҷоя иҷро карданд.
Сипас онҳо ба пояи муҷассамаи танки ИС-2, ки имсол ба далели бунёди гузаргоҳ аз маркази шаҳри Душанбе ба Боғи Ғалаба кӯчонида шуд, гул гузоштанд.Дар давраи мухорибаи назди Москва аскарони шӯравӣ 5—6 декабри соли 1941 ба ҳамлаи ҷавобӣ оғоз карданд. Дар натиҷа артиши сурх дар натиҷаи ҳамлаи ҷавобӣ душманро аз пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ 100—250 километр дур партофт.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий