Табодули колои Афғонистон бо яке аз кишварҳои ИИАО ба 3 миллиард доллар мерасад

Табодули колои Афғонистон бо яке аз кишварҳои ИИАО ба 3 миллиард доллар мерасад
Табодули коло миёни Қазоқистон ва Афғонистон ба 3 миллиард доллар хоҳад расид, иттилоъ додааст сомонаи Rail-news.kz.Дар форуми тиҷоратии Қазоқистону Афғонистон, ки дар Алмаато баргузор шуд, як ёддошти тафоҳуми дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расид.Мутобиқи ин санад кишварҳо ният доранд, ки гардиши молро ба 3 миллиард доллар расонанд.Тавре коршиносон қайд кардаанд, барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ рушди хатсайрҳои нави роҳи оҳан зарур аст.
Ин боиси кам шудани хароҷот дар бахши наклиёт ва кам шудани муҳлати интиқоли мол мегардад.Гуфта мешавад, ки Қазоқистон ва Афғонистон аз ҳоло барои беҳбуди равобити тиҷорӣ тадбирҳо меандешанд.Коршиносон мавҷудияти сармоягузориро дар лоиҳаҳои зерсохторӣ қайд карданд.
Созмонҳои байналмилалии СҲШ ва ИИАО дар таҳкими муносибатҳои байни кишварҳо нақши муҳим доранд, ки барои ҳамоҳангсозии талошҳо ва рушди долонҳои нави нақлиёт замина фароҳам меоранд.Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий