Эрон гуфт, ба ҳамлаи Исроил посух хоҳад дод
Намояндагии Эрон дар СММ гуфт, ки Теҳрон ҳаққи посух додан ба ҳамлаи Исроилро дорад.Дар ин бора Амир Саид Иравонӣ ба раиси Шӯрои Амнияти созмон, ки феълан Швейтсария аст ва дабири кулли он Антониу Гутерриш муроҷиат кардааст."Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси принсипҳое, ки дар Оинномаи СММ ва бар асоси қавонини байналмиллалӣ муқаррар шудааст, ҳуқуқи ҷудонашавандаро барои посухи қонунӣ ба ин ҳамлаҳои ҷиноӣ дар вақти муносиб дорад«, — гуфтааст ӯ.Намояндаи доимии Эрон ҳамчунин аз дабири кулли Созмони Ҷаҳонӣ ва аъзои Шӯрои Амният хост, ки ҳамлаи Исроилро маҳкум кунанд.Ирвонӣ ҳамзамон Амрикоро шарики ин ҷиноят хонд ва гуфт, ки барои ҳамла бар Эрон аз пойгоҳҳои он дар Ироқ истифода шуд.Вазири хориҷаи Эрон бошад, гуфт, кишвараш аз додани посухи қотеъ ва мутаносиб ба ҳар гуна нақзи тамомияти арзӣ ва амнияти худ дар фурсати муносиб худдорӣ намекунад.Ӯ дар ин бора зимни як тамос бо ҳамтоёни ироқиву суриягӣ ва мисрияш изҳор дошт, ки онҳо низ ин ҳамларо маҳкум карданд.Раисҷумҳури Эрон дар як паёме дар шабакаи Х ба хотири шаҳидони ин ҳамла гуфт, ки он бепосух намемонад.
»Душманони Эрон бояд бидонанд, ки ин мардуми шуҷоъ дар дифоъ аз сарзамини худ нотарсона истода, ба ҳар аблаҳӣ бо такя ва ақл посух хоҳанд дод«, — навиштааст Пизишкиён.Тибқи гузориши хабаргузории ИРНА, имрӯз ҷаласаи фаврии пӯшидаи Шӯрои исломӣ дар робита ба ҳамлаи Исроил доир мешавад.Артиши Исроил шаби шанбе эълом карданд, ки дар чаҳорчӯби вокуниш ба ҳамлаҳои рӯзи 1 октябр ба мавзеъҳои низомӣ дар Эрон ҳамла кард.
Дар ҷараёни ин ҳамла, ба гуфтаи Исроил, корхонаҳои мушакӣ, системаҳои мушакии „замин ба ҳаво“ ва иншооти дифоъи ҳавоӣ зери зарба қарор гирифтанд.Дар ин амалиёт даҳҳо ҷанганда, ҳавопаймоҳои сӯзишворикаш ва иктишофӣ ширкат карданд.Дар пайи ин ҳамалот ҳамзамон чаҳор низомии Эрон ҳалок шуданд.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)