Анҷоми музокироти Русия ва Чин: Путину Ҷинпин аз чӣ гуфтанд?

Анҷоми музокироти Русия ва Чин: Путину Ҷинпин аз чӣ гуфтанд?
Музокироти раҳбарони Русияву Чин Владимир Путин ва Си Ҷинпин дар Пекин ба анҷом расид.Нахуст сарони давлатҳо дар доираи маҳдуд музокирот намуда, сипас мулоқот бо иштироки ҳайатҳо идома ёфт. Дар умум гуфтушунид қариб дуюним соат давом кард.Дар мулоқот Путин ба Си Ҷинпин барои даъват изҳори сипос карда, афзуд, ки Русия ва Чинро ҳадафҳои муштараки рушди миллӣ ва таъмини шукуфоии муштарак бар асоси принсипҳои эҳтироми ҳамдигар, ҳамсоягии нек ва нафъи мутақобила муттаҳид мекунад."Як қатор ҳуҷҷатҳои нав, аз ҷумла изҳороти муштараки сарони давлатҳо, ки ҷанбаҳои асосии ҳамкориҳои моро дар бар мегиранд, маҷмӯи созишномаҳои байниидоравӣ ва корпоративӣ омода шудаанд, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои амалии дуҷониба равона шудаанд«, — гуфт ӯ.
Ҷинпин ба ҳамтои худ итминон дод, ки омода аст, ки равобити дуҷонибаро идома диҳад ва нақшаҳои нави ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳоро таҳия кунад.
»Ин аввалин сафари хориҷии шумо аз оғози давраи нави президентӣ аст, ки далели эътимодбахши таваҷҷуҳи шахсан Шумо ва ҳукумати Русия ба муносибатҳо бо Чин аст, мо онро хеле қадр мекунем«, — гуфт роҳбари кишвари мизбон.Ҷинпин афзуд, ки барои Чин ин идомаи анъанаи неки тамосҳост ва ёдовар шуд, ки пас аз интихоб шуданаш, ӯ низ Русияро кишвари нахустин барои сафари хориҷии худ интихоб кард.Роҳбари Чин таъкид кард, ки ду кишвар ҳамчун узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамкориҳои стратегиро амиқтар намуда, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро тавсеа бахшида, ба нафъи ташаккули ҷаҳони бисёрқутбӣ ва ҷаҳонишавии иқтисодӣ интихоб кардаанд.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий