Роҳи Душанбе - Хоруғ кушода шуд: Хатар ҳанӯз ҳам боқист

Роҳи Душанбе - Хоруғ кушода шуд: Хатар ҳанӯз ҳам боқист
Ҳаракат тавассути роҳи Душанбе — Хоруғ баъди поксозии паёмадҳои сангрезӣ аз сар гирифта шуд.Сухангӯи КҲФ, Умеда Юсуфӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид кард, ки феълан ҳаракати нақлиёт тариқи ин масир фароҳам мебошад. Таъкид гардид, ки хатари офатҳои табиӣ ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад.Ба иттилои КҲФ, ҳодисае, ки боиси роҳбандӣ шуда буд, 20-уми феврал дар километри 285-уми шоҳроҳ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нулванд ба қайд гирифта шуд буд. КҲФ мегӯяд, ҳолатҳои сангрезию тарма дар пайи боришоту сардиҳои рӯзҳои охир дар қаламрави кишвар афзоиш ёфтааст.Ахиран ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки шоҳроҳи Душанбе — Чаноқро нигоҳ мекунад, аз маҳдудияти ҳаракат барои мошинҳои боркаш ва ядакдор гуфта буд. Таъкид гардид, ки бо сабаби бориши барф аст, ки ба ҳаракат монеа шуда, роҳбандӣ ба вуҷуд меорад.Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад, ки аз 20 то 24 феврал дар шоҳроҳ, бахусус аз километри 45 то 82 хатари фаромадани тарма ва сангрезӣ боқӣ мемонад.Огоҳӣ ба ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дахл дорад.Наҷотдиҳандагон аз сокинон хоҳиш мекунанд, ки аз сафарҳои дуру дароз, рафтан ба минтақаҳои зери тарма худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий