Дар Тоҷикистон аз хатари барфкӯчиву яхбандӣ ҳушдор доданд
Дар Тоҷикистон рӯзҳои наздик ҳавои ноустувор боқӣ мемонад.Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад.Тибқи иттилои ҳавошиносон, дар аксари ноҳияҳо боришот дар шакли борону барф пешгӯӣ шуда, рӯзона 3 феврал ва шабона 4 феврал шиддат мегирад.Рӯзҳои 5-6 феврал дар аксари манотиқи кишвар туман мефарояд. Дар баробари ин дар ағбаҳо дараҷаи намоёни роҳҳо то 500 метр хеле бад мешавад.Рӯзҳои 4-7 феврал дар роҳҳое, ки аз ноҳияҳои кӯҳӣ мегузаранд, яхбандӣ боқӣ мемонад.Дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ва навоҳии кӯҳистонии тобеи ҷумҳурӣ хатари фаромадани тарма ҳамчунон боқӣ монда, ҳушдор то 5 феврал идома хоҳад кард.Дар робита ба ин, КҲФ ба таври қатъӣ тавсия медиҳад, ки ронандагоне, ки дар ин санаҳо сафар кардан мехоҳанд, омодагии комил дошта бошанд.Дар бораи вазъияти роҳҳо, обу ҳаво маълумоти боэътимод гирифта, нақлиётро дар сурати омодагии комил ба сафар бароранд.Кумита шаҳрвандонро даъват мекунад, ки қоидаҳои оддии бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ кунанд.
САРЧАШМА:sputnik.tj
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)