Раиси Кӯлоб ба ширкати русиягӣ қариб 2 ҳазор гектар замин дод

Раиси Кӯлоб ба ширкати русиягӣ қариб 2 ҳазор гектар замин дод
Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷиро таҳким мебахшад.Дар ин бора раиси шаҳри Кӯлоб, Бахтиёр Назарзода иттилоъ дода, афзуд, ки барои рушди соҳаи саноат дар шаҳр ташаббускорони хориҷиро ҷалб ва дастгирӣ мекунад.Вай аз ширкати русиягии «БТК-груп» мисол овард, ки ба он барои таъсиси маҷмааи нассоҷӣ бо қарори раиси шаҳр аз ҳисоби заминҳои корам ба масоҳати 1895 гектар барои истифодаи дарозмуддат дода шуд, навиштааст нашрияи ҳукуматии «Ҷумҳурият».Назарзода изҳори боварӣ намудаст, ки дар ин маҷмаа чандин ҷойҳои нави корӣ ташкил хоҳанд шуд.Дар мавриди вазъи феълию сармоягузориҳои дохилӣ ба МОИ «Кӯлоб» дар соли гузашта иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби ширкати ҶДММ «Тоҷик алмос» корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти ҳавотозакунӣ ва равғани автомошина бунёд ёфт.Дар корхонаи мазкур, 17 нафар мутахассиси маҳаллӣ, аз ҷумла 14 зан, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.Дар баробари ин аз ҷониби ҶДММ «Кӯлоб агросаноат» корхонаи истеҳсоли намак, равғани рустанӣ ва набот сохта мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар ин самт бомаром ҷараён доранд, афзуд раиси Кӯлоб.Ба иттилои ӯ, дар маҷмуъ соли гузашта дар Кӯлоб истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 387 млн сомонӣ расонда шуда, дар шаҳр 29 корхонаи хурду миёна бунёд гардида, фаъолият мекунанд.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий