Нархи об дар Тоҷикистон 150% баланд шуд

Нархи об дар Тоҷикистон 150% баланд шуд
Арзиши оби полезӣ дар Тоҷикистон 150% баланд шуд.Ҳамакнун ҳар 1 куб метри (м3) он 5 дирам муқаррар шудааст. Дар ҳоле, ки то кунун нархи он 2 дирам буд.Хабари тағйир ёфтани нархи хизматрасонии оби заминҳоро, муовини Сардори идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд Ҳалимҷон Ҳоҷиев ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.Бино ба гуфти ӯ, тағйир додани нарх бо пешниҳоди сардори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва бо қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ сурат гирифта аст."Сабаб зиёд шудани хароҷоти хоҷагиҳои оби шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошад. Болоравии нарх барқ боз ҳам хароҷоти кори моро зиёд мекунад« — гуфт, Ҳоҷиев.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ дар вилояти Суғд 250 ҳазор гектар замини кишоварзӣ мавҷуд аст, ки 75%-и он тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешавад.Дар ҳамин ҳол баъзе аз деҳқонон мегуянд, ки болоравии нархи оби полезӣ кори онҳоро мушкил намуда сабаби гарон шудани маҳсулоти кишоварзӣ мегардад.Аммо масъулони идораи об мегуянд, аксар хоҷагиҳои обрасонӣ аз ҳаққи истифодаи барқ қарздор ҳастанд ва дар шароити боло рафтани нархи истифодаи барқ боз ҳам пардохти маблағи он душвор мегардад.Бино ба иттилоъи масъулин ҳоло ҳаҷми қарзи барқ дар назди хоҷагиҳои обрасон беш аз 60 миллион сомонӣ гуфта мешавад.Зимнан ҳамаи пойгоҳҳои обкашӣ дар шаҳру навоҳии Суғд тавассути муҳаррикҳои барқӣ фаъолият мекунанд.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий