Вакилони парлумон якчанд созишномаро ба тасвиб расонданд
Ахиран таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ вакилон дар ин ҷаласа созишномаҳои зеринро ба тасвиб расиданд:Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «НБО-и Роғун» байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии РушдСозишномаи истирдод байни Тоҷикистон ва Давлати Қатар,Созишнома дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо байни Тоҷикистон ва ҚатарСозишнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Тоҷикистон ва ҚатарЛоиҳаи Қонуни Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ».Қайд гардидааст, ки ин созишномаҳо аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расидааст.
САРЧАШМА:sputnik.tj
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)