Дар Душанбе нақлиёти ҷамъиятӣ пурра барқӣ хоҳад шуд
Дар ояндаи наздик нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахти Тоҷикистон бояд ба электробус ва мошинҳои барқӣ иваз карда шавад.Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд."Дар оянда тамоми нақлиёти ҷамъиятӣ бо автобусҳои барқӣ иваз хоҳад шуд«, — афзуд манбаъ.Чанде пеш 30 электробуси нав, ки дар корхонаи муштараки „Акиа Авесто Автоматив Индастри"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол гардидаанд муаррифӣ шуданд.Гуфта мешавад, электробусҳо 12 метр дарозӣ дошта имкони ғунҷондани 100 мусофирро доранд. Ҷои нишаст бошад барои 32 мусофир пешбинӣ шудааст.Автобусҳо бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва хунуккунанда муҷҷаҳаз буда, 6 камераи назоратӣ, 2 экрани маълумотдиҳанда доранд.Манбаъ тавзеҳ дод, ки танҳо дар зарфи шаш соли ахир парки нақлиётии корхонаҳои коммуналии шаҳр пурра бо автобусҳои замонавӣ дар маҷмӯъ 410 адад аз корхонаи ватанӣ таъмин гардидаанд.Ёдовар мешавем, ки дар баҳори соли 2023 мақомоти Тоҷикистон дар бораи густариши истифодаи мошинҳои барқӣ дар кишвар ҳарф зада буданд.Ҳамин тариқ, дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумон хабар дод, ки дар кишвар қонуне таҳия шудааст, ки ҳангоми воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод аст.Ахиран Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумон бо ҳамкасбонаш дар мавриди тавлиди муштараки мошинҳои барқӣ ба мувофиқа расида буд.
САРЧАШМА:sputnik.tj
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)