Рустами Эмомалӣ ба Эрон рафт

Рустами Эмомалӣ ба Эрон рафт
​Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Тоҷикистон субҳи 8 январ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.Дар ин бора котиботи Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар дод.Ба иттилои манбаъ, ин сафари расмии Рустами Эмомалӣ мебошад."Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд«, — омадааст дар хабари манбаъ.Тафсилоти бештар ироа нашудааст.Қаблан Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф, дар робита ба ҳамлаи мудҳиши террористӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ дар шаҳри Кирмон барқияи ҳамдардӣ ирсол намуда буд.Дар Эрон 32 нафар дар иртибот ба ҳамлаи террористии шаҳри Кирмон дастгир шудандПеш аз ӯ, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ин фоҷиаро роҳбари Эрон ва кулии мардуми ин сарзамин тасаллият гуфта буд.Ёдова мешавем, ки бар асари ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Кирмон дастикам 89 нафар кушта шуданд, ки 12 нафари онҳо кӯдакони то 15 — сола мебошанд.​


ИСТЧОНИК:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий