IRS роҳи Душанбе- Чаноқро барои фура ва мошинҳои боркаш баст

IRS роҳи Душанбе- Чаноқро барои фура ва мошинҳои боркаш баст
Боришоти шадиди барф ва фаромадани тарма боиси баста шудани ин роҳ барои ҳаракати як қатор мошинҳо гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти ширкати IRS, ки масъулияти нигаҳдории ин роҳро ба ӯҳда дорад, феълан роҳ барои мошинҳои боркаш ва фура масдуд аст.
Манбаъ афзуд, ки шаби гузашта дар ин роҳ чор тарма фаромад ва роҳро то як муддат пурра баст, вале бо тоза кардани барфу тарма роҳ барои мошинҳои сабукрав боз шуд, вале фура ва мошинҳои боркаш ҳамоно имкони ҳаракат пайдо накардааанд.
Зикр гардид, ки тарамаҳо аз километри 68 то 73 — юми ин масир фаромада буданд.
Бориши барф дар роҳи самти шимоли Тоҷикистон ҳамоно бошиддат идома дорад.
Зимнан, Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон низ пешгӯӣ карда буд, ки рӯзи 8 январ ҳавои кишвар барфию боронӣ мешавад.
Ҳоло дар баъзе аз минтақаҳои ҷумҳурӣ борон ба шиддат меборад.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий