Эрону Афғонистон хати роҳи оҳани Хоф-Ҳирот-ро ба кор андохтанд

Эрону Афғонистон хати роҳи оҳани Хоф-Ҳирот-ро ба кор андохтанд
Дар Эрон маросими ифтитоҳи роҳи оҳани фаромарзӣ, ки шаҳри Хофро бо Ҳироти Афғонистон мепайвандад, баргузор шуд.Дар ин бора хабаргузории ИРНА бо такя ба устондори вилояти Хуросони Ризавӣ Ёқуб Алӣ Назарӣ хабар додааст."Бо роҳандозии ягона масири роҳи оҳан миёни Эрон ва Афғонистон, содироти кишвари мо ба Афғонистон суръат ва афзоиш хоҳад ёфт«, ваъда дод Назарӣ.Ифтитоҳи маросими расмӣ он тарафи сарҳад барпо гардид, ки дар маросими кушодашавии роҳ намояндагони ҳукумати толибҳо* Забиҳуллоҳ Муҷоҳид иштирок дошт.Вай дар бораи зарфиятҳои ҳамкориҳои тиҷорӣ ва ҳамлу нақли Эрон ва Афғонистон ҳарф зада, таъкид кард, Кобул ба ин мушорикат ниёз дорад, то амният ва субот барои мардуми ин кишвар таъмин гардад.Тибқи ҳисобҳои аввалия, иқтидори логистикии роҳ дар як сол 6 миллион тон маҳсулот мебошад.Қаблан Сафири Эрон дар Кобул Ҳасан Козими Қумӣ дар мулоқот бо раиси Роҳи оҳани Афғонистон Бахтраҳмон Шарофат масъалаи ба кор андохтани роҳи Хоф — Ҳиротро баррасӣ карда буд.Ёдовар мешавем, ки хати роҳи оҳани Хоф-Ҳирот ки дар пайи таҳавулоти сиёсии ду соли ахир дар Афғонистон осеб дид ва таҷҳизоти истгоҳи он дар Рузанк ба тороҷ рафта буд дубора бо ҳаракати як қатор аз руи релҳои он роҳандози шуд.



Сарчашма:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий