Боз як размикори тоҷик дари UFC -ро "мекӯбад": ӯ кист

Боз як размикори тоҷик дари UFC -ро "мекӯбад": ӯ кист

Варзишкори ҷавони мағлубнашудаи Тоҷикистон Бахтовар Юнусов монанди Нурулло Алиев ва Лоиқ Раҷабов барои расидан ба мақомҳои баланд талош мекунад

Размикори тоҷик Бахтовар Юнусов, ки бо оҷонсии менеҷерии “Dominance” MMA шартнома бастааст, гуфт ният дорад ба UFC роҳ ёбад.

Дар ин бора ӯ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Instagram* хабар дод.

"Иншоаллоҳ, пеш меравем, истгоҳи навбатӣ UFC хоҳад буд", - навиштааст ӯ.

Юнусов, ки бо номи Доминатор низ маъруф аст, як размикор дар вазни сабук бо рекорди 10-0 бо 5 нокаути техникӣ мебошад.

Размикор фаъолияти худро дар соли 2020 оғоз кард, ӯ аксари муҳорибаҳояш дар зери парчами MMA гузаронидааст.

Қаблан, як размикори дигари тоҷики мағлубнашуда Нурулло Алиев аз раҳбари UFC Дана Уайт даъват карда буд, ки ба варзишкорони тоҷик бештар қарордод имзо намоянд.

"Ман борҳо гуфтам: Дана, бо тоҷикон шартнома имзо кун. Мо воқеан мехоҳем, ки Ватани худро муаррифи кунем. Мехоҳем ҳар як-ду ҳафта рақобат кунем, то кишвари мо ҳам маъруф шавад. Дар ин ҷо касе калимаи "Тоҷикистонро" гуфта наметавонад", - гуфт Алиев. .


Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий