Даъвати вазорати хориҷаи Чин аз ҷаҳон барои кумак ба Афғонистон барои бозсозӣ ва рушд

Даъвати вазорати хориҷаи Чин аз ҷаҳон барои кумак ба Афғонистон барои бозсозӣ ва рушд

Вазорати хориҷаи Чин гуфтааст, Пекин аз сарнавишти паноҳандагон нигарон аст ва аз Кобул тавассути каналҳои дуҷониба ва бисёрҷониба пуштибонӣ хоҳад кард

Мақомоти Чин нияти кумак ба Афғонистонро дар бозсозӣ ва рушди устувори ин кишвар изҳор дошт.

Дар ин бора дар санади нашршудаи Вазорати умури хориҷии Чин гуфта мешавад.

Мавқеи расмии ин кишвар дар остонаи конфронси 4-уми вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки 13 апрел дар Самарқанд баргузор мешавад, эълом шуд.

Тибқи санади мазкур Чин ҳамкориҳояшро бо давлат дар самтҳои зерин идома медиҳад:

Ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ;

доруворӣ;

паст кардани камбизоатӣ;

Кишоварзӣ;

пешгирӣ кардани офати табиӣ ва бартараф намудани оқибатҳои онҳо.

Қайд карда мешавад, ки Пекин омода аст ба Кобул барои ҳарчи зудтар расидан ба рушди мустақил ва устувор кумак кунад.

"Чин аз ширкати Афғонистон дар сохтмони муштараки лоиҳаҳои дар заминаи “як камарбанд, як роҳ” истиқбол мекунад ва инчунин аз ҳамгироӣ ба ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ пуштибонӣ мекунад", - афзуд вазорати хориҷаи Чин.

Илова бар ин, зикр гардид, ки кишвар аз сарнавишти паноҳандагон нигарон аст ва дастгирии худро тавассути шабакаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба идома медиҳад.

"Чин аз кишварҳои ҷаҳон<...> даъват мекунад, ки ба Афғонистон дар мусоидат ба эҳёи иқтисод ва фароҳам овардани шароит барои ҳалли мушкилот кумак кунад", - таъкид намудааст ВУХ-и Чин.

Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи августи соли 2021 Толибҳо ҳамлаҳои худро алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Кобул афзоиш доданд ва рӯзи 15 август вориди пойтахт шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг дар кишвар тамом шуд.

Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ кишварро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20 солаи худ дар Афғонистон хотима доданд.

Дар авоили моҳи сентябри ҳамон сол ҳайати ҳукумати муваққат бо раҳбарии Муҳаммадҳасан Охунд эълон шуд.


Сарчашма: sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий