Коршиносон: чаро дар Тоҷикистон норасоии қувваи барқ идома дорад
Шуруъ аз моҳи феврал сокинони Тоҷикистон норасоии барқро бо мушкилиҳои зиёд таҳамул карда истодаанд. Намояндагони “Барқи тоҷик” бар онанд, ки ин мушкилӣ ҳалли худро меёбад, аммо коршиносони соҳа мегуянд, ки бе доштани мутахассисони соҳа ва то пурра ба кор шуруъ кардани НБО Роғун мушкилиҳои барқӣ идома меёбанд
Як қисмати навоҳии пойтахт аз охири моҳи март ва аввалҳои моҳи апрел гирифтори мушкили норасоии қувваи барқ шудаанд.
Хомӯшкунии қувваи барқ дар дигар минтақаҳои кишвар аз моҳи феврал оғоз шуда буданд. Дар қишлоқҷойҳо дар як шабонарӯз ҳамагӣ якчанд соат барқ дода мешаваду халос.
Намояндагони ширкати “Барқи тоҷик” бар онананд, ки хомӯшкунии қувваи барқ аз рӯи нақша сурат гирифтааст ва сабабҳои таъмирнамоӣ таҷҳизотҳои барқӣ пеш омада будаанд.
“Баъди давраи зимистон як қатор корҳои таъмирию профилактикӣ пеш омаданд. Мушкилӣ алакай ҳали худро ёфтааст ва ҳар куҷое, ки барқ набуд алакай бо барқ таъмин аст”, - гуфтааст намояндаи “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ ба Sputnik Тоҷикистон.
Сокинони пойтахтро норасоии қувваи барқ новобаста аз он, ки сабабҳои таъмирию профилактикӣ дорад, зиёд хаста кардааст.
Зариф, ном як сокини ноҳияи Ашт мегуяд, ки дар як шабонарӯз ба онҳо ҳамагӣ 8 соат қувваи барқ медиҳанд. “Саҳар аз соати 4:00 то 8:00, бегоҳ аз 18:00 то 22:00 барқ медиҳанд. Гоҳо ин ҷадвал тағйир меёбад, дар саҳар дер барқ медиҳанд ва бегоҳ соат 22:00 нашуда мекушанд”.
Азам ном як сокини ноҳияи Деваштич алакай як моҳ боз мушкилии бебарқиро бо ёрии шамъ ва усулҳои бобои паси сар мекунад.
“Як моҳ боз шамъ мехарам ва ба ҷои барқ истифода мекунам. Дар торикӣ имконияти тайёр кардани хӯрок ва дигар талаботҳои рӯзгор нест”, - мегуяд ӯ.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабабҳои бебарқиро ба таври гуногун шарҳ медиҳанд. Баъзеҳо бар онанд, ки сатҳи об дар обанбори норак поён рафтааст, баъзеҳо мегуянд аз сабаб қарзи баъзе муштариёни “Барқи тоҷик” мебошад.
Ба ақидаи Карим Рустамов гуфтаҳои расмии “Барқи тоҷик” афсонаеро мемонанд.
“Намояндагони ширкати “Барқи тоҷик” гуфтаанд, ки дар ҳамаи стансияҳои электрикӣ корҳои таъмирию прафилактикӣ ба роҳ монда шудааст, ва гуё барои ҳамин мушкилии барқхомӯшкунӣ пеш омадааст. Чӣ гуна дар як вақт, шабона дар ҳамаи стансияҳои электрикӣ корҳои профилактикию таъмириро метавон ба роҳ монд? Оё чунин амал дуруст аст?”, - бо таассуф мегуяд коршинос.
Коршиноси соҳаи энергетика Сайфиддинов Ғуломиддин дар навбати худ бар он аст, ки барқхомӯшкунии пайдарпайи ин баҳор метавонад дар норасоии қувваи кории ин соҳа бошад, ки наметавонанд дар муҳлати муайяншуда корашонро ба анҷом расонанд.
“Аз як тараф Роғунро ба истифода доданд ва қувваи барқ бояд басанда бошад. Аз тарафи дигар мутахасисони беҳтарини мо дар Русия кору фаъолият мекунанд. Дар Тоҷикистон вазифа ва корҳои хуб каманд мушкили норасоии мутахассис вуҷуд дорад, чунки бештари мутахассисони хуб аз Тоҷикистон ба Русия ва дигар кишварҳо мераванд”, - қайд мекунад Сайфиддинов.
Кушодашавии чархаи аввали НБО Роғун дар ҳақиқат як нишонаи хуб дар соҳаи энергетикаи кишвар мебошад, мегуяд мудири Бунёди рушди энергетика Сергей Пикин. Аммо иқтидори ҳозира барои содирот пешбинӣ шудааст. Тоҷикистониёнро боз як чанд соли дигар интизор шудан мебояд, то ки аз буҳрони бебарқӣ халос шаванд.
“Ҳоло як чархаро ба истифода додаанд ва иқтидори қувваи электрикӣ барои таъмири мардуми Тоҷикистон басанда нест. Вақте, ки ҳамаи чархаҳои НБО Роғун ба кор шуруъ мекунанд, баъдан иқтидори қувваи барқи кишвар барои аҳолӣ аз меъер зиёд басанда мебошад. Аммо дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон кишвари ба қувваи барқ ниёзманд боқӣ мемонанд. Барои он, ки нерӯи захиравӣ вуҷуд надорад ва ин ба муҳайё кардани барқи лозима таъсир мерасонад. Сари ҳар як таъмир ва корҳои профилактикӣ мушкилии барқхомӯшкунӣ пеш меояд”, - гуфт Сергей Пикин.
Ба гуфтаи коршинос норасоии мутахасис мушкилии аввалиндараҷа нест.
“Мутахассисон албатта лозиманд. Аммо вақте, ки шартан муҳарики асосӣ мавҷуд нест, мутахассисон дар ин ҳол ёрии худро расонда ҳам наметавонанд”, - мегӯяд коршинос.
Хомӯшкунии барқ барои қарзи шаҳрвандонро низ қисман маълумотҳои худи “Барқи тоҷик” тасдиқ мекунанд. Қарзи умумии аҳолӣ ба “Барқи тоҷик” 1 млрд. сомониро ташкил медиҳад.
Ширкати холдингии “Барқи тоҷик” аз соли гузашта нархи қувваи барқро барои як қатор истифодабарандагон баланд бардошт. Аз моҳи ноябри соли 2018 сокинони Тоҷикистон барои 1 киловатт соат қувваи барқ қариб 20 дирам пул месупоранд, ки ин 15% аз муқарароти пешин зиёдтар аст.
Намояндагони “Барқи тоҷик” бар онанд, ки мушкилиҳои барқӣ бар асари аз меъёр зиёд истифода бурдани нерӯ ба вуҷуд меоянд.
Нонбойхонаҳои пойтахт ва дигар шаҳрҳои кишвар барои пӯхтани истеҳсолоти худ аз печкаҳои калон истифода мебаранд.
Аз ин сабаб дар шабакаи умумии барқтақсимкунӣ мушкилиҳои мухталиф ба амал меоянд. Зимистон дар ҳолатҳои мушкилӣ ин гуна мушкилиҳо ба сузонидани “пеередохранител”ҳо оварда мерасонад, ки дар натиҷа тамоми маҳала ва ё ноҳия ба муҳлати як чанд рӯз бебарқ мемонанд.
Комментарии (0)