Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Маскав меравад
Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Москва дар қароргоҳи Вазорати хориҷаи Русия баргузор мегардад
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШВКХ ИДМ), ки 5 апрел дар Москва баргузор мегардад, ширкат хоҳад кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ дар ҷаласа лоиҳаи изҳороти сарони давлатҳои аъзои ИДМ-ро ба муносибати 80-умин солгарди оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тасдиқ намуда, барномаи амал доир ба фаъолгардонии шарикӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ-ро, ки бо ташаббуси Туркманистон таҳия шудааст, баррасӣ хоҳанд кард.
Инчунин зимни ҷаласа баррасии масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ, фарҳанг, гуманитарӣ ва ғайраҳо дар назар аст.
Манбаъ қайд намудааст, ки дар ҷаласаи хосса мубодилаи анъанавии афкор доир ба масоили ҷории рӯзномаи байналмилалӣ ва баррасии ҳамгироӣ дар доираи ИДМ дар назар аст.
Инчунин вазирон лоиҳаи Изҳороти сарони давлатҳои аъзои ИДМ-ро ба муносибати 80-умин солгарди оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва масоили фаъолгардонии шарикӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.
Дар ҷаласаи васеъ иштирокдорон масоили марбут ба зарурати нигоҳдорӣ ва нигоҳубини муносиби мазорҳо ва ёдгориҳои низомии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи тадқиқоти заминавӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Санадҳои дигар, ки пурра ҳамоҳанг гардида, ба густариши ҳамгироии кишварҳои Иттиҳод дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ нигаронида шудаанд, барои имзо пешниҳод мегарданд.
Давлатҳои аъзои ИДМ тасмим доранд, ки ҳамгироиро дар соҳаи фарҳанг густариш диҳанд. Аз ҷумла, дар ҷаласаи навбатии ШВКХ ИДМ қабули лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи осорхонадорӣ пешбинӣ шудааст.
Комментарии (0)