Узбекистон гуфт, музокирот бо Толибон дар Самарқанд гузарад

Узбекистон гуфт, музокирот бо Толибон дар Самарқанд гузарад
Вазири корҳои хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов дар ҷараёни сафараш ба Кобул бори дигар даъват кард, ки гуфтугӯҳои сулҳи ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибон дар кишвараш баргузор шаванд.

Ҳайати ҳукумати Узбекистон ба раҳбарии котиби Шӯрои амният Виктор Маҳмудов ва вазири умури хориҷӣ Абдулазиз Комилов рӯзи 31-уми март сафари кориеро ба Афғонистон анҷом дод.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳайати Узбекистонро ба ҳузур пазируфта, ҷонибҳо раванди гуфтугӯҳои сулҳ ва масоили иқтисодии марбут ба тарҳҳои зербиноиро баррасӣ карданд.

Ҷониби Узбекистон аз омодагии Афғонистон барои гуфтугӯ бо Толибон истиқбол кард. Президенти Афғонистон ҳам ба ҳайати Узбекистон барои интихоби шаҳри Самарқанд ҳамчун макони эҳтимолии баргузории гуфтугӯҳо бо Толибон миннатдорӣ баён кард.

Комилов ҳамчунин бо мушовири амнияти миллии Афғонистон Ҳамдуллоҳ Муҳиб мулоқот ва масоили амниятиву мубориза бо терроризмро баррасӣ намуд.

Ҳайати Узбекистон аз омодагии кишвари худ барои ҳамкорӣ дар раванди сулҳи Афғонистон хабар дода, гуфт, Тошканд кумак ба бахши иқтисодии ин кишварро идома хоҳад дод.

Комментарии (0)

Оставить комментарий