ВУД Русия: ҳазорҳо ҷангҷӯ аз сафи ДОИШ ба хонаҳошон бармегарданд

ВУД Русия: ҳазорҳо ҷангҷӯ аз сафи ДОИШ ба хонаҳошон бармегарданд
Мавқеи ҷангҷӯёни гуруҳи террористии ДОИШ дар шимоли Афғонистон торафт пурқувват шуда истодааст

Ҳазорҳо шаҳрвандони кишварҳои ИДМ баъди иштирок дар ҳаракатҳои ҷангӣ дар сафи ДОИШ дар кишварҳои Ховари назздик мехоҳанд ба маҳалли зисташон баргарданд, гуфтааст роҳбари саридораи мубориза бо ифротгароии ВУД Русия, Олег Илиних.

Ӯ дар II конфронси байналмилалии “Вазифаҳои асосии ҳамкориҳои байналмилалӣ бар зиди экстремизму терроризм” дар Донишгоҳи Москваи ВКД Русия ба номи В.Я. Кикотя бо маърӯза баромад кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, мавқеи ДОИШ дар Афғонистон аз ҷониби кишварҳои ИДМ ва Осиёи Миёна дар ҳоли мустаҳкам шудан аст.

“Ҷараёни баргаштани зодагони давлатҳои ИДМ аз сафи гуруҳҳои террористӣ аз Сурияву, Ироқу Афғонистон ба кишварҳои худ махсусан хатарнок мебошад”, - гуфтааст Илихин.

Чанде пеш ёрдамчии котиби Шӯрои амниятии Русия Александр Венедиков гуфта буд, ки  ДОИШ ҳамчун таҳдиди калон ба амнияти кишварҳои минтақа боқӣ мемонад.

“Алҳол аз ҳама хатарноктарин ба амнияти минтақа гуруҳи террористии ДОИШ ба ҳисоб меравад. Дар сафи ин гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва ҳамчунин зодагони Чину Русия кам нестанд”, - гуфтааст ӯ.

Ёдовар мешавем, ки дар зиндонҳои Ироқ 43 зан ва 92 кӯдаки тоҷик боздошт шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий