Қарори Рустам Эмомалӣ дар бораи баргузории пойгаи аспдавонӣ дар Душанбе
Намояндагони Хуҷанд, Ваҳдат, Роғун, Ашт, Данғара, Файзобод, Фархор, Ховалинг ва Хуросон то ба ҳол ширкати худро дар ин мусобиқа таъйид кардаанд
Рӯзи 30 март дар Душанбе мусобиқаи ҷоми “Пойтахт-2019”, мусобиқаи асп баргузро мешавад.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии шаҳрдории Душанбе, Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт дар ин бора тасмими марбутаро имзо кард. Барои роҳандозиву баргузории ин мусобиқа 34,5 ҳазор сомонӣ (3,6 ҳазор доллар) ихтисос мегардад.
Дар мусобиқа намояндагони ҳамаи манотиқи кишвар ширкат хоҳанд кард.
Намояндагони Хуҷанд, Ваҳдат, Роғун, Ашт, Данғара, Файзобод, Фархор, Ховалинг ва Хуросон то ба ҳол ширкати худро дар ин мусобиқа таъйид кардаанд.
Рустам Эмомалӣ назорати ин мусобиқаро бар дӯши муъовинони худ вогузор кард.
Ёдрас мешавем, пештар чунин мусобиқа дар вилояти Суғд баргузор шуда буд.
Ахиран Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси Федератсияи пойга ва бузкашӣ дар кишвар мебошад, изҳор дошт, ки туҳфаҳои арзишманд дар ин мусобиқаҳо пешниҳоди ӯ буд.
Шоҳиён афзуд, дар маҷлиси Федератсия ҳам таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон мошин бисёр арзон аст, хусусан мошинҳои маркаҳои “жигулӣ”, ки ба ивази 500 – 1000 доллар харидорӣ мешаванд.
“Ман шоҳид ҳастам, паҳлавонҳо ҳамон мошини гузоштаро вақте мегиранд, ҳатто то хона бурда наметавонанд, на матораш кор мекунад, ин як дарди сари зиёдатӣ. Ман пешниҳод кардам, ки аз ин худдорӣ кунем, як туҳфае гузорем, ки камтарак арзиш дошта бошад”, - тавзеҳ дод ӯ.Шоҳиён ҳадафашро дар он гуфт, ки аз ин мусобиқаҳо нафаре, ки барои парвариши асп хароҷот мекунад, ё худ ҳамон паҳлавон бурд кунад.
Раиси Додгоҳи олӣ таъкид намуд, гарчанде қонун манъ накардааст, аз ҷониби Федератсия мактуби расмӣ ба навоҳӣ ирсол шудааст то мусобиқаҳои пойгаю бузкашӣ танҳо дар идҳои расмӣ дар рӯзҳои истироҳат ташкил карда шаванд.
Ӯ илова намуд, пойгаю бузкашӣ, ки дар маросимҳои хатнатӯй зиёд шуда буданд, бар асоси қонуни танзими ҷашну маросимҳо мамнуъ гардиданд.
Шоҳиён дубора таъкид намуд, ки пойгаю бузкашӣ танҳо бахшида ба идҳои расмӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ баргузор мешаванд ва мусобиқаҳоро махсусан барои ноҳияҳои куҳистону чорводор муҳим хонд.
Комментарии (0)