Маҳбусони зиндони №4 изҳороти аз номашон нашршударо рад карданд

Маҳбусони зиндони №4 изҳороти аз номашон нашршударо рад карданд
Маҳбусони муассиса ислоҳии №4 даст доштани худро дар пахши изҳорот дар бораи ҷой доштани таҳқирҳо аз ҷониби раҳбарияти муассиса рад карданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Мансурҷон Умаров.

“Пас аз нашри изҳороти гурӯҳи маҳбусони муассисаи ислоҳии №4-и шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ман шахсан бо ҳар кадоме аз онҳо вохӯрдам. Онҳо мавриди таҳқир қарор гирифтанашонро аз ҷониби раҳбарияти муассиса рад карданд”, - иброз дошт Умаров.

Генерал-лейтенант ҳамчунин қайд кард, ки бо дастури ӯ раҳбаряити Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба аёдати оилаҳои маҳбусони муассиса рафтааст.

“Ҳамсарони онҳо низ зикр карданд, ки ҳеҷ гоҳ барои дидор бо шавҳаронашон ба роҳбарони муассиса маблағ пардохт накардаанд. Ҳамаи баёноту нишондодаи ҳам маҳбусон ва ҳам аъзои оилаҳои онҳо ҳуҷҷатгузорӣ шуда, зери он имзои онҳо гузошта шудааст”, - қайд кард Умаров.

Бино ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ як аз далелҳои аз ҷониби маъмурияти муассиса аз маҳбусон талаб кардану гирифтани пул тасдиқ нашудааст.

“Ғайр аз ин, ҳангоми суҳбати рӯ ба рӯ бо ман ҳамаи онҳое, ки номашон дар матни муроҷиатнома зикр шудааст, изҳор доштанд, ки бори нахуст дар бораи вуҷуд доштани чунин изҳорот огаҳӣ пайдо кардаанд”, - илова намуд Умаров.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”, чанде пеш як гурӯҳи маҳбусони зиндони низомаш пурзӯри рақами чоруми шаҳри Душанбе ба раиси идораҳои зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон генерал Мансурҷон Умаров шикоят кардаанд, ки маъмурияти ин зиндон нисбат ба онҳо тамоми навъҳои шиканҷаро раво мебинанд.

Шикоят ба сифати сабти аудиоӣ пешкаш шуда, бо матни он дар сомонаи хабаргузории мазкур шинос шуда метавонед.

Комментарии (0)

Оставить комментарий