Аҳмадзода ба масъулини бонк: ба соҳибкорон қарзҳои имтиёзнок диҳед

Аҳмадзода ба масъулини бонк: ба соҳибкорон қарзҳои имтиёзнок диҳед
Ин нуктаро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни ифтитоҳи филиали Бонки байналмилаллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд гуфтааст.

 Рӯзи 25 март бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд филиали Бонки байналмилалии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора равобити умумии вилояти Суғд.

Намояндагии Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар маркази вилоят аз соли 2014 инҷониб фаъолият дошт ва бо бештар шудани теъдоди муштариёни бонк тасмим гирифта шуд, ки шумораи филиалҳо зиёд карда шавад.

Раиси вилоят ифтитоҳи филиали Бонки байналмилалии Тоҷикистонро туҳфаи хуби наврӯзӣ барои мизоҷони бонк арзёбӣ намуда, бо шароити кории фароҳамшуда ошно гардид.


Гуфта мешавад, ки дар филиали бонк 33 нафар мутахассисони ҷавон бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Ҷалби бонувон ба кори бонкӣ дар мадди назари муассисон қарор гирифта, дар заминаи дастуру Эмомалӣ Раҳмон 50 дарсади кормандони филиал аз ҳисоби занон интихоб шудаанд.

Инчунин иттилоъ дода мешавад, ки Бонки байналмилалии Тоҷикистон имрӯзҳо бо як қатор ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамкорӣ дошта, дар ояндаи наздик дар шаҳри Панҷакент низ филиали худро боз менамояд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулини бонк гуфтааст, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст ва Бонки байналмилалии Тоҷикистон бояд ба соҳибкороне, ки ба ҳунармандӣ машғул ҳастанд, қарзҳои имтиёзнокро пешниҳод намояд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий