ФАРМОНИ БОЛО БУРДАНИ НАРХИ ИНТЕРНЕТ ВА NGN ҒАЙРИҚОНУНӢ БУДААСТ

ФАРМОНИ БОЛО БУРДАНИ НАРХИ ИНТЕРНЕТ ВА NGN ҒАЙРИҚОНУНӢ БУДААСТ
Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар дод, ки фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи ду маротиба боло бурдани нархи Интернет ва 10 маротиба боло бурдани нархи NGN барои санҷиш ба ин вазорат ироа нашудааст ва дар Феҳристи давлатӣ низ ба қайд гирифта нашудааст. Тибқи қонун дар бораи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, асноде, ки дар Феҳрасти давлатӣ сабт нашудаанд, ҳукми иҷро гирифта наметавонанд. Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯзи 4 март фармоиши баҳсбарангезеро қабул кард, ки тибқи он, аз 27 март бояд нархи як гигабайти Интернет ба 63 сомонӣ ва як дақиқаи суҳбат бо NGN то 1,20 сомонӣ боло бурда шавад. Ин қарор мавҷи эътирозҳоро дар ҷомиаи Тоҷикистон ба бор овардааст.

Хабаргузории «Азия Плюс» рӯзи 26 март посухи расмии вазорати адлияи Тоҷикистон ба муроҷиати Ғафур Иркаев – раҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистонро дар мавриди Фармоиши Хадамоти зиддимонополӣ аз 4 март "Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” нашр кард.

Дар посухи вазорати адлия бо имзои муовини вазир Абдуманнон Холиқзода чунин гуфта мешавад: «Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муроҷиати Шумо иттилоъ медиҳад, ки Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2019, таҳти 31 "Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” ба вазорат ҷиҳати санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ ворид нагашта, дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.”
















Ин посухи дар назари аввал хушку расмии вазорати адлия дар асл зермаънои чуқуре дошта метавонад. Тибқи моддаи 89-уми қонун "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, тамоми санаду қарорҳои меъёриву ҳуқуқие, ки аз ҷониби вазорати идораҳои давлатии Тоҷикистон қабул мешаванд, бояд ҳатман аз ҷониби вазорати адлия ҷиҳати то куҷо ҷавобгӯ буданашон ба қонунҳои кишвар таҳти санҷиш қарор гирифта, баъди санҷиш дар Феҳрасти баҳисобгарии давлатии санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шаванд.

Санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки расман дар Феҳрасти давлатӣ дар вазорати адлия сабт нашудаанд, ягон пайомади ҳуқуқӣ дошта наметавонанд ва ба ҳукми иҷро намедароянд.

Аз ин лиҳоз, фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ низ наметавонад аз 27 март ба ҳукми иҷро бидарояд ва ширкатҳои мобилӣ бар асоси он нархи Интернет ва дигар тарифҳои худро боло баранд.

Рӯзи 4 март Хадамоти зиддиинҳисории ҳукумати Тоҷикистон фармоишеро қабул кард, ки тибқи он, аз 27 март дар кишвар нархи ҳадди ақали як мегабайт Интернет бояд ду маротиба боло бурда шуда, на камтар аз 5 дирамро ташкил диҳад. Бар асоси ин қарор, ҳамин тавр, нархи як дақиқаи гуфтугӯ бо NGN бояд аз ҷониби тамоми ширкатҳо (ба истиснои "Тоҷиктелеком”) 10 маротиба боло бурда шуда, ҳадди ақал 96 дирам муқаррар карда шавад. Бо изофаи андозҳо, аз 27 март нархи як гигабайт Интернет дар Тоҷикистон то 63 сомонӣ ва нархи як дақиқаи гуфтугӯ бо NGN ба 1,20 сомонӣ бояд бирасад, ки ин худ ба маънои ҳукми қатли инак дуюми бозори NGN дар Тоҷикистон хоҳад буд.
Ин фармоиши аҷибулғариб ба мавҷи вокунишҳову эътирозҳои манфӣ рӯбарӯ шуд.

10 созмони ҷамъиятӣ ва ҳамин тавр, ҳудуди 80 намояндаи ҷомиаи шаҳрвандӣ дар номаҳои дастаҷамъона аз ҳукумат талаб карданд, то ин қарори ғайриқонунӣ, ки аз доираи салоҳиятҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ хеле берун рафтааст, бекор карда шавад.

Ба ақидаи аҳли ҷомиа, ин қарор ба рушди Интернет ва дигар воситаҳои алоқаи барқӣ дар Тоҷикистон ва ҳамин тавр, ба ҷайби мардум таъсири шадидан манфӣ дошта, Тоҷикистонро аз нигоҳи пешрафтҳои фанноварӣ ба ақиб мепартояд.

Ширкатҳои мобили Тоҷикистон низ аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ хоста буданд, то иҷрои ин фармоишашро ақалан то 1 май ақиб андозад, чунки онҳо имкони иҷрои ин қарорро аз 27 март надоранд.

Рӯзи 27 март дар Тоҷикистон таътилоти наврӯзӣ ба поён мерасад ва ҳанӯз маълум нест, ки қарори баҳсбарангези Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба иҷро медарояд ё на? Ва аммо ин фармоиш як чизро рӯшан кард: Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ки барои ҳимояти ҷомиа аз монополияҳо таъсис ёфта буд, ба ақидаи бисёриҳо, дар ин моҷаро нишон дод, ки худ дар асл ба як ниҳоди хидматгори монополияҳои бузург ва ҳомии манфиатҳои бозигарони алоҳида дар арсаи тиҷорати Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Сарчашма: https://akhbor.com/ngn-p8876-121.htm

Комментарии (0)

Оставить комментарий