Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон сафар кард
Раисҷумҳурро дар фурӯдгоҳи байналмилалии Бохтар роҳбарияти вилояти Хатлон истиқбол гирифтанд
Имрӯз кшвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун ба вилояти Хатлон сафар кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Бохтар роҳбарияти вилояти Хатлон истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Хатлон аз калонтарин вилоятҳо дар мамлакат буда, дар замони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёд дар тамоми бахшҳо ноил гардидааст.
"Имрӯзҳо фазои идонаи наврӯзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят танинандоз буда, сокинон бо шукргузорӣ аз сулҳу оромии Ватан ин ҷашни ҷаҳониро бо дастовардҳои меҳнатӣ дар тамоми бахшҳо истиқбол мегиранд", - менависад манбаъ.
Комментарии (0)