Раисиҷумҳур муҷассамаи Исмоили Сомониро, ки соҳибкорон дар Норак сохтанд, ифтитоҳ кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Норак пардаро аз руи муҷассамаи навбунёди асосгузори аввалин давлати тоҷикон - шоҳ Исмоили Сомонӣ бардошта, онро ифтитоҳ кард
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, баландии пояи муҷассама 7,5 ва худи муҷассама 7 метрро ташкил медиҳад.
“Муаллифони муҷассамаи барқади шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳайкалтарошон, аъзоёни Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Мансур Маҷидов ва Рустам Ҳоҷибоев мебошанд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Котиботи раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки маҷмаа бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо маблағҳои соҳибкорони ватанӣ, сокинони саховатпешаи шаҳри Норак ба ифтихори истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардид.
“Майдони назди муҷассама бо фаввораҳо, гулгашту хиёбон бо гулҳои тару тоза ва растаҳо бо чароғҳои рангаву курсиҳо, оро дода шудааст. Соҳибкорон ҳамчунин роҳҳои назди муҷассамаро мумфарш кардаанд, ки дар маҷмуъ ин мавзеъ барои сайру тамошои сокинону меҳмонони шаҳри Норак басо мувофиқ гардидааст”, - илова намуд котиботи раисиҷумҳур.
Манбаъ таъкид кардааст, ки бунёди муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, нишони давлатӣ ва барафрохтани Парчами миллӣ дар саросари мамлакат аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон нишонаи олии қадршиносию арҷгузорӣ ба гузаштаи неку ибратбахши давлату миллати тоҷик ва рамзҳову муқаддасоти бузурги миллӣ мебошад.
Комментарии (0)