Дар Душанбе Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ шурӯъ шуд

Дар Душанбе Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ шурӯъ шуд
Имрӯз, 16 март бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ифтихори иди Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ баргузор гардид.

Мусобиқаҳои варзишии мазкур бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили иди байналмилалии Наврӯз, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим доир гардиданд.

Марафони велосипедронӣ аз соати 8:00 то 9:00 ва Дави наврӯзӣ аз соати 9:00 то 10:00 дар масири маҳаллаи Чорбоғ то Наврӯзгоҳ идома хоҳад ёфт.

Маълумоти муфассал пас аз чанде дар сомонаи агентӣ нашр мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий