Боздошт ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи ронандае, ки гирибони корманди БДА гирифту таҳқир кард
Як ронанда пас аз дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудани баҳси тундаш бо кормандони БДА боздошт шудааст. Нисбати ин шаҳрванди Тоҷикистон барои таҳқири намояндаи ҳокимият парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд
Раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе имрӯз, 13 март хабар дод, ки алайҳи як шаҳрванди Тоҷикистон барои таҳқири нозири роҳ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ёдрас мешавем, пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тунди як ронанда бо кормандони БДА, ки аз гирибони онҳо мегирифт, паҳн шуда буд.
"Милитисяи пойтахт ба таври расмӣ иттилоъ медиҳад, ки ронандаи автомашинаи дар навор инъикосгардидаи тамғаи "Хафей"(Тангем), рақами қайди давлатиаш 1956 ВЕ 03, шаҳрванд Наҷимов Сироҷиддин Маҳманемонович, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон мебошад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти раёсат, Сироҷиддин Наҷимов 19-уми феврали соли ҷорӣ тахминан соати 13:40 дақиқа, ҳангоми ҳаракат аз самти бағи ба номи С. Айнӣ ба самти майдони Сарҳадчиён қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намудааст, ки аз ҷониби кормандони Хадамоти роҳбонии Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи нақлиёт манъ карда шудааст.
"Ҳангоми талаб кардани ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, илова бар ин онҳоро таҳқиру дашном ва шаъну шарафашонро дар назди дигар шаҳрвандон паст задаст", - меафзояд ВКД.
Нисбати ронандаи мазкур, на танҳо барои вайрон намудани қоидаи ҳаракат дар роҳ протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст, балки алайҳи вай барои дашному таҳқири кормандони милиса (таҳқири намояндаи ҳокимият) бо моддаи 330 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Комментарии (0)