Лимити барқ дар Тоҷикистон
Дар ноҳияи Муъминобод се ҳафта боз нирӯи барқро аз соати ёздаҳи шаб то панҷи субҳ хомӯш мекунанд...
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Варзоб аз соати 23 то панҷи субҳ ва аз 8 то 17 барқ нест...
Дар ноҳияи Айнӣ барқро аз ёздаҳи шаб то панҷи субҳ мекуштанд, ҳоло рӯзона ҳам қатъ кардаанд...
Дар Панҷакент барқро ҳатто рӯзона ҳам мекушанд....
Ҳар рӯз аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон мардум ба сомонаи "Ахбор” шикоят мекунанд, ки аз нав дучори лимити барқ шудаанд. Масъулони "Барқи Тоҷик” аммо ҷорӣ шудани лимитро рад мекунанд ва мегӯянд, барқ дар баъзе минтақаҳо ба сабаби зарурати анҷоми корҳои тармимӣ баъд аз фасли сармо бо маҳдудият дода мешавад.
Беш аз як ҳафта боз дар бархе аз деҳаҳои шаҳри Панҷакент лимити барқ ҷорӣ шудасту аҳолии деҳот танҳо дар шабонарӯз ҳамагӣ 14 – 15 соат ва бархе рӯзҳо аз он ҳам камтар нирӯи барқ мегиранд.
Сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, Колхозчиён, Ворӯ ва дигар деҳоти Панҷакент мегӯянд, қариб даҳ рӯз мешавад, дар деҳоташон аз саҳар соати 8 то соати 18 барқро хомӯш мекунанд ва рӯзона онҳо бо қувваи барқ таъмин нестанд.
Як сокини деҳаи Мадовари ин шаҳр дар сӯҳбат гуфт, шунидем, ки гӯё Роғунро сар медодаанду барои ҳамин корҳои таъмирӣ рафта истодааст ва аз ин сабаб барқро хомӯш мекунанд.
Сокиноне, ки аз барқ маҳруманд, мегӯянд, мо ҳайрон мешавем, чун роҳбари давлат ҳанз ду сол пеш эълон карданд, ки дигар лимити барқ аз байн рафт ва мо ба истиқлолияти энергетикӣ расидем, аммо ҳоло ки ҳаво гарм несту мардуми деҳот ба нерӯи барқ ҳанӯз эҳтиёҷ доранд, хомӯш кардани он бидуни огоҳӣ чи маъно дорад, ҳеҷ нафаҳмидем.
Дар ҳамин ҳол аз шабакаҳои барқи Панҷакент тасдиқ намуданд, ки дар ҳақиқат дар бархе аз деҳот қувваи барқро рӯзона қатъ менамудаанд, зеро аз ширкати "Барқи тоҷик”як гурӯҳ барои насби ҳисобкунакҳо омадаанду дар ҳисобкунакҳоро насб карда истодаанд. Ин ҳолат шояд 5-7 рӯзи дигар идома ёбад гуфт, як манбаъ аз "Шабакаҳои барқи Панҷакент”.
Коршиносон мегӯянд, то ин замон баҳонаи сарборӣ дар хатти интиқоли нерӯи барқ, ки бо хатти 110 Кв аз ноҳияи Айнӣ ба Панҷакент барқ меомад, ҷой дод. Аммо як сол муқаддам бо ширкати президент ин мушкили дар Панҷакент бартараф карда шуд ва хатти 220 Кв дар ин масир ба истифода дода шуда буд. Баъди гузаронидани хатти 220 Кв, 26000000 Кв/соат нерӯи барқ сарфа шудааст - мегӯянд кормандони Шабакаҳои барқи Панҷакент.
Мешуд, ки ҳамин ҳисобкунакҳоро дар ин масими сардӣ, ки дар баъзе аз деҳот то ҳол барф асту хунук неву дар гармии ҳаво насб кунанду ин корҳоро дертар анҷом диҳанд – мегӯянд соҳибназарон.
16-уми ноябри соли 2018 бо ба кор андохтани чархаи нерӯгоҳи обии барқии Роғун гуфта мешуд, ки Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои асосии кишвар – расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат расид ва дигар лимити барқ дар қишвар аз байн рафт.
Пеш аз ин сар аз ибтидои солҳои 90 дар муддати беш аз ду даҳсола дар мамлакат сар аз тирамоҳ то моҳҳои апрел - май дар кишвар лимити барқ ҷорӣ мешуд ва бештари шаҳрвандон, асосан сокинони деҳоти кишвар аз барқ маҳрум буданд.
Охирон шикояти сокинони навоҳии Фархору Восеъ то Кӯшониён ва аз Шаҳринав то Тавилдараву Рашт ба сомонаи "Ахбор” моҳҳои сентябр-октябри соли 2018 расида буд, ки мегуфтанд, нирӯи барқ бо маҳдудият дода мешавад.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи "Барқи тоҷик” ахиран вуҷуди маҳдудиятҳо дар таъмини аҳолӣ бо нирӯи барқро тасдиқ кард, вале гуфт, ки ин лимит нест. Нозирҷон Ёдгорӣ гуфт, бо гузаштани мавсими зимистон зарурати тармими хатҳои барқ ва истгоҳҳои барқ пеш омадааст ва сабаби маҳдудиятҳо дар таъмини нирӯи барқ ҳамин аст.
Сомонаи "Паём” дар бораи сар задани садамаи фаннӣ дар нирӯгоҳи Роғун хабар дод. Гуфта мешуд, ки ин садама боис шудааст, ки оби Роғунро сар диҳанд ва тавлиди барқ дар чархаи якуми ин нирӯгоҳ муваққатан қатъ шавад. Мақомот инро рад карданд.
Чархаи якуми нирӯгоҳи Роғун ба таври мутантан 16 ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд. Тибқи нақша, чархаи дуюми ин нирӯгоҳи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳим, қарор аст, дар ибтидои моҳи апрел ба тавлиди нирӯи барқ шурӯъ кунад.
Сарчашма: https://akhbor.com/-p8760-169.htm

Комментарии (0)