Як пирамарди 70-солаи тоҷикро дар Макка ба хок месупоранд
Саидшо Ғафуров, ки бо мақсади адои Ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ сафар карда будааст, дар Макка вафот кардааст. Наздиконаш гуфтаанд, ки ӯро дар шаҳри муқаддас ба хок хоҳанд супурд
Як сокини 70-солаи шаҳри Ваҳдат Саидшо Ғафуров 19 феврал дар рафти адои Ҳаҷҷи умра дар Макка даргузаштааст. Ин хабарро сухангӯи Кумитаи дин ва танзими анъана Афшин Муқим тасдиқ кард.
Бино бар иттилои манбаъ, пирамард ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандаш ба Арабистони Саудӣ ба хотири адои маносики Ҳаҷҷи умра сафар кардааст, аммо пеш аз адои он дар Макка дар пайи сактаи қалб даргузаштааст.
Ҷанозаи Саидшо Ғафуровро дар Макка ба хок месупоранд. Наздикони марҳум хоҳиш кардаанд, ки дар ҳамон ҷо дафн кунанд.
"Асосан, дар ин ҳолатҳо Арабистони Саудӣ иҷоза намедиҳад, ки ҷасад аз кишвар берун шавад. Одатан ҳамон ҷо дафн мекунанд", - мегӯяд Афшини Муқим.
Ба ташкили сафари Ҳаҷҷи умра дар Тоҷикистон ширкатҳои хусусӣ машғул будаанд.
Ҳаҷҷи умраро метавон дар тамоми сол, ба ғайр аз моҳе, ки барои адои маносики Ҳаҷҷи фарзӣ муайян шудааст, анҷом дод.
Комментарии (0)