“Сомон Эйр” агентиҳои фурӯши билетҳоро ба ҷавобгарӣ мекашад

“Сомон Эйр” агентиҳои фурӯши билетҳоро ба ҷавобгарӣ мекашад

Аз 1 феврал ширкат хазинаи шахсии шабонарӯзии фуруши билетҳоро боз мекунад.


Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба мақомоти дахлдор барои оғоз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати агентони қаблӣ оиди фуруши билетҳо, ки бо фиребкунии мусофирон машғул буданд, дархост ирсол намудааст.

“Бо мақсади халал нарасонидан ба рафти тафтишот, ширкат аз тафсилоти бештари ин мавзуъ худдорӣ менамояд”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти ҶСК “Сомон Эйр”.

Ширкати ҳавопаймоӣ ният дорад, ки аз оғози моҳи ояндаи хазина (касса)-и шахсии фурӯши билетҳоро боз намояд.

“Огоҳ мекунем, ки аз 1 феврали соли 2019 назди дафтари асосии кории ширкат хазинаи шахсии “Сомон Эйр” бо тартиби шабонарӯзии фурӯши билетҳо фаъолияташро оғоз мекунад ва ҳар як мусофир метавонад чиптаҳоро бе миёнарав дастрас кунад”, - гуфтанд дар хадамоти матбуоти ширкат.

Қобили зикр аст, ки хазинаи то ин замон назди дафтари асосии кории ширкат воқеъбуда шабонарӯзӣ фаъолият намекард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий