Ҳушдори Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба комиссияи интихоботи Афғонистон

Ҳушдори Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба комиссияи интихоботи Афғонистон
Раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон ба комиссияи интихобот ҳушдор дод, ки агар пеш аз расидагии комил ба шикоятҳои онҳо натиҷаи интихоботро эълом кунад, барои онҳо қобили қабул нахоҳад буд

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе дар сафҳаи иҷтимоии худ навишта аст, ки агар комиссияи интихобот натоиҷи чаҳорумин даври интихоботи раёсатҷумҳуриро пеш аз расидагии комил ба шикоятҳои тими вай эълом кунад, дар баробари он бетафовут нахоҳанд монд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар идома изофа кард, ки суханони таъйиднашудае аз эъломи қарибулвуқӯи натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар сафаҳоти иҷтимоӣ мунташир шудааст.

Тими субот ва ҳамгароӣ ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ муддаӣ аст, ки комиссияи интихобот қасд дорад 300 ҳазор раъйи бидуни сабт дар дастгоҳ биометриро ба нафъи тими рақиби вай шумориш карда ва натиҷаи интихоботро ба нафъи тими давлат эълом кунад.

Ин иддаои тими субот ва ҳамгироӣ боис шудааст, ки бозшумории орои интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ҳафт устони Афғонистон тавассути ҳаводорони ин тим мутаваққиф шавад, ки дар натиҷа боиси таъхири эъломи натоиҷ низ хоҳад шуд.

Рӯзи 28 сентябр дар Афғонистон интихоботи президентӣ баргузор шуд. Тибқи маълумоти КМИ, қариб 2,6 миллион нафар афғон, ки ҳуқуқи овоздиҳӣ доштанд, ба нуқтаҳои овоздиҳӣ омадаанд. Дар овоздиҳӣ 9,7 миллион овоздиҳандагони бақайдгирифташуда иштирок карда метавонистанд.

Аз аввал, натиҷаҳои пешакии интихобот 19 октябр бояд эълон мешуд. Аммо он вақт раиси КМИ Ҳаво Олам Нуристонӣ дар бораи мавқуф гузоштан хабар дода, 14 ноябрро санаи нави эълони натиҷаҳои пешакии интихобот эълон дошт.

Санаи нави интишори натиҷаҳои пешакии интихобот ҳанӯз эълон нашудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий