Абубакр Албағдодӣ барои худ ҷонишин таъйин кард

Абубакр Албағдодӣ барои худ ҷонишин таъйин кард
Хабаргузории “Аъмоқ”, вобаста ба ДИИШ эълом кард, ки Абубакр Албағдодӣ, саркардаи ин гурӯҳи террористӣ ҷонишини худро таъйин кардааст.

Албғдодӣ, Абдуллоҳ Қардошро ба унвони ҷонишин худ таъйин кардааст.

Пеш аз ин бархе расонаҳо гузориш дода буданд, ки ду муовини Абубакр Албағдодӣ бо номҳои Аёд Албаъиди ва Аёд Алҷамили гузинаҳои аслӣ барои ҷонишинии вай ҳастанд.

Ҳудуди панҷ соле буд, ки тасвире аз Абубакр Албағдодӣ мунташир нашуда буд ва расонаҳо борҳо аз кушта шудани вай дар Сурия ва ё Ироқ хабар дода буданд, аммо се моҳ пеш халифаи худхондаи ваҳҳобӣ бо интишори як филми 18 дақиқаӣ дубора бар сари забонҳо афтод.

Тибқи гузориши сайтҳои арабӣ, Қардош яке аз наздикони Албағдодӣ аст ва замоне, ки халифаи худхондаи ДИИШ дар Мавсил буд, ӯ яке аз ҳуккоми шаръ дар ин шаҳр будааст.

Ӯ ҳамчунин аз наздикони Абуаъло Алъафри (раҳбари ДИИШ дар замони маҷруҳ будани Албағдодӣ) буда ва дар муддати раёсати кӯтоҳи ӯ тавониста аст ба қудрати бештаре бирасад.

Сайтҳои арабии наздик ба ДИИШ гуфтаанд, ки падари Қардош яке аз хатибони машҳури салафӣ буда ва ӯ яке аз аввалин афроде аст, ки баъд аз суқути Мавсил аз Албағдодӣ истиқбол кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий