Генерал Султонзода роҳи бартарафсозии коррупсия дар Тоҷикистонро гуфт
Муқовимат ба коррупсия бояд хусусият ва моҳияти дастҷамъӣ дошта бошад, зеро танҳо фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои паст намудани шиддати он басанда нест.Ин нуктаро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, генерал Сулаймон Султонзода бо нашри матлабе дар Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки 10 январ таҷлил мешавад, баён дошт.Маҳз 10 январи соли 2007 бо фармони президенти Тоҷикистон мақомоти махсусгардонидашудаи зидди фасод — Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуд.Аммо Сулаймонзода мегӯяд, кори мақомот барои решакан кардани он басанда нест."То он даме, ки мафкураи ҷомеа тағйир дода нашавад, ҷомеа падидаҳои коррупсиониро чун зуҳуроти бадиву бадкирдорӣ қабул насозанд, ташаббусу иқдоми наҷиби давлат дар ин самт натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад«, — гуфт генерал.
Ба гуфтаи Султонзода, коррупсия хатари ҷиддии худро нигаҳ дошта, ба тамоми соҳаҳои ҷомеа таъсири манфии худро мерасонад.Вай барои мубориза бо фасод ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истифода аз тамоми воситаву усулҳои муосирро мувофиқи мақсад хонд.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)