Насиҳати Ҳоҷӣ Мирзо ба муҳоҷирон: падару модар, зану фарзанд ва ватанатонро фаромӯш накунед! (Видео)

Насиҳати Ҳоҷӣ Мирзо ба муҳоҷирон: падару модар, зану фарзанд ва ватанатонро фаромӯш накунед! (Видео)
Воизи шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Мирзо, ки ҳоло дар Русия қарор дорад, дар яке аз мавъизаҳояш аз муҳоҷирони тоҷик хост, ки падару модар, зану фарзандони худ ва Ватани худро ҳеҷ гоҳ аз ёд набароранд. "Ба падару модаронатон занг бизанед, аз аҳволашон бипурсед!” – гуфт Ҳоҷӣ Мирзо хитоб ба муҳоҷирони тоҷике, ки барои шунидани мавъизаи ӯ ҷамъ шуда буданд. Ҳоҷӣ Мирзо аз муҳоҷирон ҳамчунин хост, ба ҷои ҳасад бурдан ба мардуми Қафқоз фикри нангу номуси тоҷикиашонро кунанд: "Таъриф мекунем, ки чеченҳову доғистониҳо ҳай мардуми бағайратанд? Шумо чаро мунин бағайрату банангу баномус намешавед?” Ҳоҷӣ Мирзо аз муҳоҷирон хост, то фарзандонашро дар рӯҳияи тоҷикӣ тарбия кунанд ва нагузоранд, ки онҳо забони тоҷикии худро фаромӯш кунанд.
Ҳоҷӣ Мирзо, ки бо мақсади мулоқот бо муҳоҷирони зодаи Тоҷикистон ба Русия омадааст, дар яке аз мавъизаҳои ахираш дар яке аз масҷидҳои ин кишвар хитоб ба муҳоҷирони тоҷик гуфт:
-Мо бояд чунин набошем. Як умр таъриф мекунем, ҳамин чеченҳо ҳай мардуми бағайратанд, ҳе, доғистониҳо мардуми бағайратанд... О туро чӣ бало задааст, ки ту бағайрат намешавӣ? Ту чаро баномус намешавӣ? О, онҳо чор даст надоранд-ку!
Падару модаронатонро, бародарҳои азиз, занг бизанед, аз ҳоли падару модарҳоятон бипурсед! Омадед, Русияро гирифтед, намедонам, бо чӣ шуморо мафтун кардааст? Майлаш, бигзор! Гирифтед, кор кардед, ошатон шавад. Ман розӣ, Худо баракататон диҳад! Худо аз ин ҳам ободтаратон кунад!
Вале падару модарҳоро фаромӯш накунед! Зану фарзандонатонро фаромӯш накунед!
Бисёре аз фарзандакҳоро пешам оварданд, ки Ҳоҷибобо, дар ҳаққашон дуо кун! Мепурсам, номат чист? Намедонанд, хап мекунанд, тоҷикиро намедонанд. Падару модар тоҷик, фарзанд русӣ гап мезанад!
Оё ҳамин нанг нест? Ту куҷоро нигоҳ дорӣ?
Агар англисиро бидонад, хитоиро бидонад, франсузиро бидонад, 50 забонро бидонаду забони худашро надонад, ӯро ҳеҷ кас шуморидан даркор нест.
Бигзор фарзандонатон забондон бошанд, бародарони азиз. Мо як соддагӣ дорем, ки мегӯем, бачаам русӣ гап занад, диламро мебарад, кайф мекунам. Лекин ба ин ки бачаам тоҷикии худашро фаромӯш кардааст, парво надорад ин бародари азиз.
О, ту тоҷикӣ, пагоҳ пеши бобояш меравад, пеши момояш меравад, пеши ҳамсояҳояш меравад. О чӣ хел, вақте гап дар бораи миллат меравад, гап дар бораи Ватан меравад, гап дар бораи ҳисси миллӣ меравад, ин забони худашро намедонад?
Дар куҷое бошед-набошед, шумо мардуми Тоҷикистонед! Ватани аслии шумо, бародарони азиз, Тоҷикистон аст! Худо чапаш наорад, лекин даркор шавад ба ҳамин мардак, одамонеро, ки шаҳрвандӣ гирифтед, даркор шавад, ҳамаашро хат мезанад ва пешатон мекунад. Даркор шавад агар... Боз шуморо ҳамон мамлакати худатон ва Ватани худатон мебардорад. 
Пайғамбари гиромии моро вақте аз Макка пеш карданд, рафт, аз масофаи дур кӯҳҳои Маккаро диду гуфт, "ман бо ту паноҳбаХудо намекунам, ман боз пешат бармегардам.
Паёмбарамон зодгоҳашро дӯст медошт. Мо чаро дӯст надорем?


Комментарии (0)

Оставить комментарий