“Боздошт, шиканҷа ва иқрори маҷбурӣ”. Гузориши нав дар бораи саркӯби зодагони ВМКБ
Афви Байнулмилал (Amnesty International), созмони ҳомии ҳуқуқи башар, аз саркӯбу шиканҷа ва пайваста поймол шудани ҳуқуқи помириҳо дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, аз ҳукумат хостааст, ин ҳолатҳоро таҳқиқ кунад.
Гузориши наву муфассал рӯзи 11-уми сентябр нашр шуд. Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба хулосаи Афви Байнулмилал ҳанӯз маълум нест, аммо дар гузашта саркӯби мардумро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рад кардаанд.
Дар гузориши Афви Байнулмилал омадааст, мақомоти Тоҷикистон баъд аз соли 2021 фишорро болои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ бештар кардаанд. Дар моҳи ноябри ҳамон сол, дар ҷараёни амалиёти мақомоти қудратӣ, сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков кушта шуд ва сокинон бо талаби таҳқиқи ҳодиса дар назди бинои ҳукумати вилоят эътироз карданд. Бо вуҷуди ваъдаи мақомот барои таҳқиқи марги Зиёбеков, фаъолони Вилояти Бадахшон гуфта буданд, дар ин қазия ҳеч пешравӣ нашуд. Ин боис шуд, ки сокинон дар моҳи майи соли 2022 дубора дар Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон эътироз кунанд.
Ба гуфтаи муаллифони гузориши Афви Байнулмилалӣ, нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар пайи эътирозҳои моҳҳои май-июни соли 2022 алайҳи помириҳо, ки онҳоро ақаллият ё камшуморон меномад, аз зӯроварӣ истифода бурданд. Ин созмон навиштааст, далелҳои шиканҷаҳои дастикам шаш нафарро ба даст овард.
“Нерӯҳои қудратӣ барои гирифтани иқрор боздоштшудаҳоро бо нерӯи барқ, сӯзан задан ба зери нохун ва маҳрум кардан аз хоб шиканҷа карданд,” -- омадааст дар гузориш.
Яке аз сокинони боздоштшуда ба гузоришгарони Афви Байнулмилал гуфтааст, мақомот ӯро дастгир ва талаб кардаанд, ки алайҳи як роҳбари маҳаллӣ шаҳодат диҳад. Дар гузориши ин созмон бидуни овардани номи ин шахс аз номи ӯ чунин нақл шудааст:
"Онҳо танҳо мехостанд, ки ман баёнотро ба зидди роҳбари маҳаллӣ имзо кунам. Маро ба як ҳуҷраи торик бурданд, ки дар онҷо ҳеч чиз дида намешуд. Гуфтанд, ки даркор шавад куштани Ленинро ба гардан мегирам. Маро чанд дақиқа латукӯб карданд, сӯзанро ба байни нохунҳоям заданд, тамоми баданам дард мекард. Як нӯги ангуштам варам кард ва табибон маҷбур шуданд, ки нохунро кананд.”
Бо вуҷуди даъвати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва ҳам Иттиҳоди Аврупо, ҳодисаҳои моҳи май-июни соли 2022 дар ВМКБ мустақилона таҳқиқ нашуданд. Баръакс, мақомоти Тоҷикистон даҳҳо фаъолони бадахшониро аз дохил ва хориҷи кишвар дастгир карда, ба солҳои дарози зиндон маҳкум карданд. Аз ҷумла, ҳуқуқшинос Фаромуз Иргашев 29 сол, Манучеҳр Холиқназаров 16 сол, Хурсанд Мамадшоев 16 сол зиндонӣ шуданд.
Созмону кишварҳои ғарбӣ қаблан низ рафтори мақомоти Тоҷикистонро нақзи ҳуқуқи инсон гуфтанд. Мақомот мегӯянд, ки ин афрод узви гуруҳҳои ҷиноӣ буданд. Наздикони кушташудаҳо ва зиндониён дар Бадахшон ҳамвора ба бегуноҳии онҳо таъкид мекунанд.
Гузоришгарони Афви Байнулмилал ҳамчунин навиштаанд, ки пас аз ҳодисаҳои солҳои 2020-2022, мақомоти Тоҷикистон талоши зиёд карданд ҳувият ва фарҳанги помирӣ камравнақ шавад. Дар гузориши AI омадааст, дар мактабҳои ВМКБ забони помирӣ омӯхта намешавад ва истифодаи ин забони қадимӣ дар идораҳои давлатӣ ҳам то ҳадди имкон кам шудааст. Мақомоти Тоҷикистон чунин интиқодро қаблан рад карда гуфтаанд, барои зинда нигоҳ доштани забонҳои қадимаи помирӣ талош мекунанд. Ҳарчанд чанде пеш Шуъбаи забонҳои помирӣ дар Академияи илмҳо баста шуд.
Афви Байнулмилал аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки фишор болои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро комилан қатъ ва ҳама кушторҳои ғайриқонунӣ ва шиканҷаро пурра тафтиш кунад. Онҳо таъкид мекунанд, ки бо вуҷуди даъватҳои сершумори Созмони Милал, Дидбони ҳуқуқи башар бисёре аз мавридҳои нақзи ҳуқуқи помириҳо аз сӯи мақомот то ҳол таҳқиқ нашудаанд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷиҳати масоҳат бузургтарин, вале минтақаи камаҳолӣ ва аз нигоҳи иқтисодӣ ақибмондаи Тоҷикистон аст. Тақрибан 250 ҳазор аҳолӣ дорад. Аксарият пайрави шохаи исмоилии мазҳаби шиа мебошанд ва Шоҳзода Карим Оқохони чаҳорумро пешвои динии худ мешуморанд. Бахше аз мардум ба забонҳои маҳаллӣ, ки ба номи "забонҳои помирӣ" шинохта шудааст, гап мезананд.

Комментарии (0)