Маҳмадтоир Зокирзода: «Тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зарурати воқеӣ мебошад»

Маҳмадтоир Зокирзода: «Тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зарурати воқеӣ мебошад»
Дар оғози форум паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба иштирокчиёни форум расонида шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода аз таъкидҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар   ҷаласаи шашуми Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи августи имсол дар пойтахти Қазоқистон  баргузор гардид, иқтибос оварда, изҳор намуд, ки «тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар хонаи умумии мо – Осиёи Марказӣ кори ихтиёрӣ нест, балки зарурати воқеӣ мебошад».
«Дар шароити кунунии тағйироти босуръати ҷаҳон зарурати ташаккули дидгоҳи умумӣ ба ояндаи Осиёи Марказӣ ба миён омадааст. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки бо саъю кӯшиши муштарак минтақаи пешрафта ва шукуфон бунёд намоем, ки дар ин минтақа  тибқи пешбиниҳои Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2050 беш аз сад  миллион нафар зиндагӣ хоҳанд намуд», — иброз дошт ӯ.
Маҳмадтоир Зокирзода изҳори итминон намуд, ки ин ҷаласа ба нақши парлумон ва мақомоти намояндагии Осиёи Марказӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа ва рушди минбаъдаи ин равандҳо мусоидат менамояд.
Раиси Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, ки 10-11 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе чорабинии муҳими байналмилалӣ — Конфронси байналмилалии  байнипарлумонӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон доир мешавад ва аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар кори ин ҳамоиш иштирок намоянд.
  

Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий