Чин $6 млн 760 ҳазор харҷи ҷаласаи СҲШ дар Бишкекро медиҳад

Чин $6 млн 760 ҳазор харҷи ҷаласаи СҲШ дар Бишкекро медиҳад
Ҳукумати Чин барои пардохти як қисми харҷи ҷаласаи раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки ахиран дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, 6 млн 760 ҳазор доллар ҷудо мекунад.

Ба огаҳии Вазорати молияи Қирғизистон, миёни Бишкек ва Пекин дар ин замина ёддоште ба имзо расидааст. Бо маблағи мазкур кадом бахши харҷҳои ҷаласаи сарони кишварҳои СҲШ рӯйпӯш хоҳад шуд, гуфта намешавад.

Ҷаласаи ахири раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай 14 июн зери раҳбарии Қирғизистон дар Бишкек баргузор шуд. Дар он як эъломия ва беш аз 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҷаласаи навбатии сарони СҲШ соли 2020 зери раҳбарии Русия дар он кишвар баргузор хоҳад гашт.

Комментарии (0)

Оставить комментарий