Таҳдид ё эътирофхоҳӣ? Чаро Толибон мехоҳанд марз бо кишварҳои Осиёи Марказиро бозбинӣ кунанд?

Таҳдид ё эътирофхоҳӣ? Чаро Толибон мехоҳанд марз бо кишварҳои Осиёи Марказиро бозбинӣ кунанд?
Дар аввали моҳи август ҳукумати Толибон* дар Афғонистон эълом кард, ки дар мавриди таъйини сарҳадҳо бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон, тибқи стратегияи нав нақшаҳо доранд.

Мулло Абдул Латиф Мансур, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Афғонистон гуфт, ки хати сарҳадҳо байни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бинобар обхезиҳо шуста шуда, зарурати дубора муайян кардани он ба миён омадааст.

Дар ҳамин ҳол, ин мансабдори афғон таъкид кард, ки Раёсати захираҳои оби ҳукумати Толибон* ба ҳеҷ як кишвари ҳамсоя зарар нахоҳад расонд.

Фаруқ Аъзам, мушовири вазири энергетика ва захираҳои оби ҳукумати Толибон* гуфтааст, ки таъйину аломатгузории нав бо назардошти сарҳадҳои таърихӣ, лекин бо истифода аз усул ва технологияҳои муосир анҷом дода мешавад. Ӯ итминон додааст, ки Афғонистон мақсад надорад, ки ба кишварҳои ҳамсоя осеб расонад.

Абдул Латиф МансурАкс аз саҳифаи шабакаҳои иҷтимоӣ
Ҳукуматҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, ки бо Афғонистон дар соҳили Амударё ҳаммарзанд, ҳоло ҳеҷ вокуниш накардаанд.
 
Зарурати таъйину аломатгузории дубораи сарҳадро дар Тоҷикистон низ эътироф мекунандДу солпеш, Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар бораи вазъи сарҳадҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Афғонистон, изҳори назар карда буд.

Ӯ зикр кард, ки масъалаҳои таъйин ва аломатгузорӣ (делимитатсия ва демаркатсия)-и сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳалли худро ёфта бошанд ҳам, хатти сарҳадии дарёӣ бинобар тағйири маҷрои дарёи Панҷ бо мурури замон, аломатгузории навро талаб мекунад.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, масъалаҳои марбут ба сарҳад бо Афғонистон дар асоси созишномаҳо, аз ҷумла созишномаҳо байни Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ва Афғонистон аз 13 июни соли 1946 ва 16 июни соли 1981; байни Тоҷикистон ва Афғонистон аз соли 1993 дар бораи сарҳади давлатӣ аз 22 декабри соли 1993; дар бораи гузаргоҳҳо аз 27 апрели соли 2005 ва тағйроту иловаҳои воридшуда ба он аз 21 октябри соли 2013 ҳаллу фасл мешаванд.Мувофиқи таҷрибаи байналмилалӣ, хатти сарҳад дар дарёҳо ва ҷӯйҳои сарҳадӣ мувофиқи ба дигар ҷой рафтани мавқеи миёнаи онҳо, ки аз дигаргуншавии табиии шакли соҳилҳои дарёву ҷӯйҳо ба вуҷуд меояд, тағйир меёбад.

Тағйирёбии ҷараёни дарё ё ҷӯйи марзӣ бинобар падидаҳои табиӣ, ки метавонад боиси тағйир ёфтани мансубияти заминҳо, аз ҷумла арзишманд ба сифатии манзилу иншоот ва ғайра шавад,  хатти аслии марзро тағйир намедиҳанд, агар ҷонибҳо дар ин бора созишномаи махсусе набанданд.

Соли 2016 Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки бо назардошти баъзе падидаҳои ҷуғрофӣ ва техникӣ (тағйирёбии маҷрои дарёи Панҷ, зарурати навсозии аломатҳои сарҳадӣ ва ғайра), зарурати дубора аломатгузорӣ ба миён омадааст.

Амударё дар ТоҷикистонАкс аз шабкаҳои иҷтимоӣ
Гуфта мешуд, ки ба баррасии масъалаи мазкур қаблан комиссияи муштараки Тоҷикистону Афғонистон оид ба дубора аломатгузорӣ (редемаркатсия) машғул мешуд.

Ба иттилои манбаъҳои гуногун, бо сари қудрат омадани Толибон, кори ин комиссия қатъ шудааст.
 
Ба Толибон сарҳад не, балки эътирофи байналмилалӣ муҳим астДар ҳамин ҳол, Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили Афғонистон ва Эрон бар ин назар аст, ки расонаӣ шудани ин хабар аз ҷониби Толибон ва таъкид бар «асоси стратегияи нав» (маълум нест чӣ стратегияе дар назар аст) ҳадафи сиёсӣ дорад.

Зеро ба гуфтаи ӯ, пушти мизи музокирот нишастан бо се кишвари ҳамсоя, чӣ дар Кобул ва чӣ дар пойтахтҳои онҳо, барои Толибон, ки дар инзивои байналмилалӣ қарор дорад, дастоварди сиёсии хубе хоҳад буд. Яъне барои Кобули кунунӣ аҳамияти ин мавзуъ бештар аз масъалаи марзӣ буда, ба ин далел мехоҳад аз он истифодаҳои дохиливу хориҷии мавриди ниёзи худро дошта бошад.

Қосими Бекмуҳаммад
«Марзи обии миёни ду кишвар ба сурати асосӣ аз миёни рудхонаи Ому мегузарад. Аммо ба далели баъзе ҳодисаҳои табиъӣ, монанди сел, бахшҳое аз ҳарду соҳили ин рудхона шуста мешавад ё тағйири маҷрои он боиси эҷоди ҷазираҳо мегардад. Агар чунин иттифоқот рӯй диҳад, ниёз ба ташхис ва аломатгузории дубораи марзро пеш меорад. Тибқи маъмул, чунин иқдомот аз тариқи маҷории дипломатӣ ва баргузории нишастҳои коршиносони марбута мавриди баррасӣ қарор дода мешавад», — гуфт ин коршиноси тоҷик.Ба гуфтаи Қосими Бекмуҳаммад Афғонистон асосан бо Покистон иддаъоҳои марзӣ дорад, на бо кишварҳои Осиёи Марказӣ. Мушкилоте, ки байни Афғонистон ва кишварҳои минтақаи мо пеш меояд, асосан ба падидаҳои табиъӣ иртибот дорад. Вале ин падидаҳои табиӣ наметавонад, ки дар оянда баҳона барои даъвоҳои калон мисли фарохтар кардани ҳудуди Афгонистон аз ҷониби Толибон гардад. Чунки дастовардҳои фанноварии имрӯз имкони ташхиси дақиқи хатти марзро дар ҳар шароите фароҳам мекунад ва ҳеч баҳонае барои тавсиаталабии марзӣ боқӣ намегузорад.


Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий