МАРГИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ БОРКАШ ДАР ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД

МАРГИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ БОРКАШ ДАР ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД
Шаби 16 феврал як шаҳрванди  25-солаи Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Всеволожскийи вилояти Ленингради Русия дар зери чархи мошини боркаш ҷон бохтааст.
Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ронандаи мошини боркаши притсепдори тамғаи “Волво”, сокини 48-солаи ҷумҳурии Доғистон ҳангоми ҳаракат дар дохили деҳаи Токкари дар байни хонаҳо аз уҳдаи идораи мошин набаромада, як пиёдагардро пахш кардааст.
Пиёдагард ба иллати ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷои садама ҷон додааст.
Гуфта мешавад, қурбонии садама як муҳоҷири ҷавон аз Тоҷикистон буд, ки ҳамагӣ 25 сол дошт ва моҳи майи соли 2021 барои мардикорӣ ба Русия омада буд.
Деҳаи Токкари дар фосилаи ҳамагӣ 8 километр аз канораҳои шарқии шаҳри Санкт Петербург ва дар фосилаи 17 километр аз маркази ин шаҳр ҷойгир шуда, дар солҳои охир ба як макони умдаи бунёди коттеҷҳои беруназшаҳрӣ барои сокинони Петербург табдил ёфтааст.
Мақомоти корҳои дохилӣ маводи ҷамъшуда пиромуни ин садамаро ба Кумитаи тафтишот супурдаанд ва ҳоло масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ дар дасти баррасӣ қарор дорад.
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки дар соли 2021 дар хориҷ ва асосан дар Русия ба иллатҳои гуногун 950 шаҳрванди Тоҷикистон вафот кардаанд. Садамаҳо дар роҳҳо дар баробари фалокатҳо дар ҷои кор ва ҷои зисти муҳоҷирон аз ҷумлаи сабабҳои умдаи марги шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ном бурда мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий