Мурофиаи Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов паси дарҳои баста дар Душанбе

Мурофиаи Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов паси дарҳои баста дар Душанбе
Мурофиаи додгоҳии Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ва Насимҷон Шарифов, узви дигари ин созмони мухолиф, паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе сар шудааст.

Ба қавли манобеи Радиои Озодӣ, даври аввали он рӯзи 18-уми сентябр гузашт, вале пайвандонашон ба он роҳ наёфтанд. Мақомот шарҳ намедиҳанд. Маълум нест, ки онҳо бо вакили мудофеъ таъмин ҳастанд ё не.

Пайвандони Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов рӯзи 20-уми сентябр ба тамосҳои мо посух надоданд. Пештар гуфта буданд, ки аз ҷузъиёти қазия ва таҳти чӣ шароит қарор доштани онҳо хабар надоранд.

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, фаъоли "Гурӯҳи 24", рӯзи 20-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, наздикони Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов рӯзи 18-уми сентябр ба назди Боздоштгоҳи рақами 1 рафта, аммо иҷозаи даромадан нагирифтанд. "Вақте мурофиа пушти дарҳои баста аст, дар бораи мунсифона ва одилона гузаштани он наметавон ҳарф зад," – афзуд ӯ.

Масъулони "Гурӯҳи 24" рӯзи 20-уми сентябр дар баёнияе мурофиаи Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифовро намунаи дигари "нақзи ҳуқуқи одамон ва беадолатии густурда дар Тоҷикистон" донистанд.

"Ба ҷойи муҳокимаи одилона, мурофиаи онҳо бо фишор ва таҳдидҳои зиёди сиёсӣ идома дорад. Ин амалҳо танҳо нишонаи равшани режими худкома ва фасодзадаи Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои ҳифзи қудрати худ аз ҳар роҳу восита истифода мебарад," -- гуфта шудааст дар баёния.

Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ва Насимҷон Шарифов, фаъоли дигари ин созмони мухолифи ҳукумат, дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуданд.

Додситони кул Юсуф Раҳмон баъди қариб ним сол, рӯзи 9-уми август, дар нишасти хабарӣ гуфт, ки "тафтиши парвандаи Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд" ва бо ҳамин дар Тоҷикистон будани онҳоро таъйид кард. Дар ҳоле ки мақомот чӣ гуна дастгир ва аз Туркия ба Тоҷикистон овардани онҳоро намегӯянд, "Гурӯҳи 24" рӯзи 20-уми март қазияро "дуздӣ" номид.

То ҳол айбномаи расмӣ ба зидди Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов дақиқ нест. Қаблан намояндагони “Гурӯҳи 24” гуфта буданд, ки ҳарду ба “Даъват барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифода аз Интернет” гумонзад ҳастанд. Ин созмони мухолифи ҳукумат рӯзи 20-уми сентябр дар баёнияаш бори дигар иттиҳомро беасос номид.

Сӯҳроб Зафар аз соли 2014 дар Туркия мезист. Вай дар гузашта, аз ҷумла соли 2018, чанд дафъа дар Туркия дастгир, вале озод гардида буд.

Насимҷон Шарифов аз соли 2015 дар Туркия мезист ва ба камияш се бор дастгиру раҳо шудааст. Ӯ соли 2018 беш аз ду моҳ дар боздоштгоҳ буд.

Созмони “Гурӯҳи 24”, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шудааст. То ин дам ба гуноҳи пайравӣ аз он даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ боздошт ва бархеи онҳо ба муддати дароз зиндонӣ шуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий