class="attachment-tie-medium" alt="Группа"/>

АХБОРИ ОҶИЛ:

Коршинос гуфт қонуни нав барои гирифтани шаҳрвандии Русия бештар ба кӣ рабт дорад

Вячеслав Поставнин, раиси бунёди “Муҳоҷирати асри 21” ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки дар шакли соддашуда кӣ метавонад барои дарёфти шаҳрвандии Русия даъво кунад

Ахиран дар Русия қонуни нав ба кор даромад. Тибқи қонуни нав гирифтани шаҳрвандии Русия барои атбои хориҷӣ ва нафарони бидуни шаҳрвандӣ боз ҳам осонтар шуд.  Дар ҳамин ҳол, нафароне, ки барои дарёфти шаҳрвандии Русия дархост мекунанд метавонанд аз шаҳрвандии кишвари худ даст накашанд.

“Ин иқдом пеш аз ҳама барои мардуми зиёди русзабон, ки дар қаламрави Беларус, Украина, Молдова ва Қазоқистон зиндагӣ мекунан, рабт дорад”, - гуфт Вячеслав Поставнин.

Вай афзуд, ки нафароне, ки мехоҳанд шаҳрвандии Русияро ба даст биёранд бояд, зиндагӣ кардани худро дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ исбот кунанд, ба хусус бо доштани шиносномаи Иттиҳоди Шӯравӣ.

“Аз рӯи қоида, ҳар нафар метавонад барои гирифтани шаҳрвандӣ даъво кунад. Аммо ин қонун пеш аз ҳама ба аҳолии русзабон ва русҳои бештар рабт дорад. Умуман бояд пеш аз ҳама қонуни дар бораи муҳоҷирати маъкусро қабул мекардем. Ҳоло мо қисман ба ҳамин росто фаъолият дорем”, гуфт коршинос.

 Ба гуфтаи вай, русҳо бештар аз Қазоқистон, инчунин Молдова, Укроин ва Беларус баргаштанд.

“Ин мушкилот билохира ҳамин тариқ ҳалли худро пайдо мекунад”, илова кард Поставнин.



Добавить комментарий

Добавить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив