Сана ва макони рақобати Майк Тайсон ва Эвандер Холифилд дақиқ шуд

Сана ва макони рақобати Майк Тайсон ва Эвандер Холифилд дақиқ шуд
Макон ва санаи имконпазири баргузории рақобати ду собиқадори бокс Майк Тайсон ва Эвандер Холифилд дақиқ шудааст

Бино ба иттилои пойгоҳҳои иттилоотии варзишӣ, вохӯрии ин ду боксчӣ машҳур имкон дорад санаи 11-уми июл дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Чанде пеш ҳарду нобиғаи бокс аз бозгашташон ба майдон хабар дода буданд.

Қаблан Тайсон ва Холифилд бо ҳамдигар ду маротиба рақобат карда буданд.

Холифилд дар дидори аввал ғолиб омада, Тайсонро ба таври техникӣ мағлуб кард.

Дар рақобати дуюм бошад Тайсон гӯши Холифилдро газид ва Эвандер аз идомаи муҳориба худдорӣ кард.

 Тайсан бошад аз рақобат маҳрум ва ҷарима шуд.

Қаблан Холифил баъди эълони бозгашташ ба саҳнаи бокс, гуфта буд, ки омодааст  бо Тайсон як маротибаи дигар биҷангад.

"Омодаам инро кунам. Ман мехоҳам бо Тайсон рақобат кунам. Фикр мекунам ман дар ин синни 57 солагиям низ муваффақ мешавад. Ман ӯро мағлуб карда метавонам. Гарчанде сухан дар бораи он намеравад, ки ки киро мағлуб мекунад, балки гап дар бораи он меравад, ки ба одамон нишон диҳем, ки мо яке аз муштзанҳои бузурги даврон ҳастем",-гуфтааст Холифилд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий